Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?

Имсол дар Душанбе дар фасли зимистон 3 ҳазору 200 иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд, ки 150 бино бештар нисбат ба мавсими сармои гузашта будааст. Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” дар бораи бо гармӣ таъмин шудани кадом хонаву иншооти пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол ба “Азия-Плюс” маълумот дод. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки мувофиқи қарори […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имсол дар Душанбе дар фасли зимистон 3 ҳазору 200 иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд, ки 150 бино бештар нисбат ба мавсими сармои гузашта будааст. Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” дар бораи бо гармӣ таъмин шудани кадом хонаву иншооти пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол ба “Азия-Плюс” маълумот дод.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки мувофиқи қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз 8 майи соли 2024 таҳти №295 дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бо гармӣ таъмин намудани 3 ҳазору 200 иншоот дар пойтахт ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба мавсими соли гузашта 150 иншоот зиёдтар аст.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бори аввал 150 иншоот ба низоми гармидиҳӣ пайваст карда мешавад. Дар ноҳияи Сино 20 иншоот, 19 адади он хонаҳои истиқоматӣ ва 1 адади он корхона аст, дар ноҳияи Фирдавсӣ 130 иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ 103 адад ва корхонаҳои гуногун 27 адад мебошад.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳракҳои 42, 43, 45, 62 ва дар ноҳияи Сино шаҳраки 31 мувоффиқи нақша бори аввал бо гармӣ таъмин мегарданд.

Ноҳияи Сино:

Маҳаллаҳои — 10,11,12,13,14,15,32,33,81,82,83,84,92,91,101,102, 103, 104, Испечак — 1, 2/1, 2/2, Зарафшон — 1, 2/1,2/2. Илова бар ин, дар мавсими имсола ба 28 объект дар маҳаллаи 31 бори аввал гармӣ дода мешавад.

Ноҳияи Шоҳмансур:

Маҳаллаҳои 191.192, шаҳраки Бинокорон, маҳаллаи Айнӣ 80, қисми марказии маҳалла, объектҳои кӯчаҳои С.Айнӣ, А.Дониш, Д.Барно.

Ноҳияи Фирдавсӣ:

Маҳаллаҳои 21, 22, 46, 23, 24, 61 ва 63, инчунин дар маҳаллаҳои 42, 43, 45, 62 бори аввал бо гармӣ таъмин мешаванд.

Ноҳияи И.Сомонӣ:

Қисми марказӣ ва ҷанубии ноҳия.

Дар “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ карда, рӯзҳои наздик Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахт низ ба кор оғоз мекунад. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки марҳила ба марҳила давоми 3-4 ҳафта сокинони шаҳри  Душанбе пурра бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио