Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия Русия, ки ҳамроҳ бо дигар намояндаҳои ин кишвар барои иштирок дар ҷаласаи парлумонии ду кишвар ба пойтахти Тоҷикистон омад, мулоқот кард. Тибқи иттилои манобеи расмӣ, зимни мулоқот муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия ва масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии […]

Asia-Plus

Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия Русия, ки ҳамроҳ бо дигар намояндаҳои ин кишвар барои иштирок дар ҷаласаи парлумонии ду кишвар ба пойтахти Тоҷикистон омад, мулоқот кард.

Тибқи иттилои манобеи расмӣ, зимни мулоқот муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия ва масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шудаанд.

Ҳамчунин, имрӯз ҷаласаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе бо иштироки Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, дар ҷаласа масоили рӯзафзун ва ҳалталаби дуҷонибаро дар бораи амнияти минтақавӣ, илм, маориф ва ҷанбаҳои гуманитарӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Русия муҳокима шудаанд.

 

Бояд гуфт, Шоҳин Самадӣ, сардори Раёстаи иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, аз парлумони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар ҷараёни ҳамоиши байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе масъалаи изҳороти тоҷикситезонаи як вакили парлумони Русия баррасӣ карда шавад.

Ин масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳарфҳои вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев перомуни дарси "Таърих" дар мактабҳои кишвар вокуниш кард ва гуфт, ки ин суханҳо ба сиёсати байни Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад.

Михаил Матвеев рӯзи 5-уми октябр ба “NEWS.ru” гуфт, ки дар китобҳои таърихи Тоҷикистон ҳамроҳшавии Туркистон ба империяи Русия бо истилоҳоти “ҳуҷум”, “ишғол” ва “мустамликакунӣ” тавсиф мешавад.

Ӯ ҳадафи ин баёнияи баҳсбарангезу тоҷикситезонаи Матвеевро “бозӣ бо эҳсосоти интихобкунандагони “зудбовар”-и худ” номид, ки ба ӯ овоз додаанд, то вакили Думаи давлатии Русия интихоб шавад.

“Чунин изҳорот ғайр аз зарар ба шарикии стратегӣ ва иттифоқи Тоҷикистону Русия чизи дигаре намеорад”, – таъкид кард Шоҳин Самадӣ.

Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд ва аксаран зери фишору таъқиби мақомоти ин кишвар қарор мегиранд. Махсусан баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд фишор болои тоҷикон афзоиш ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам чанд рӯзи охир аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия нигаронӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.