Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” (11 МВт) тариқи пахши мустақим аз майдонҳои сохтмони сарбанд ва нерӯгоҳ гузориши муфассал пешниҳод гардид. Зимни ироаи гузориш ҳамчунин Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи рушди Оқохон дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Пас аз шунидани гузориш, президент […]

Маводи шарикон

Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” (11 МВт) тариқи пахши мустақим аз майдонҳои сохтмони сарбанд ва нерӯгоҳ гузориши муфассал пешниҳод гардид.

Зимни ироаи гузориш ҳамчунин Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи рушди Оқохон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.

Пас аз шунидани гузориш, президент расман пули навсохтро дар ноҳияи Рошқалъа ифтитоҳ намуда, ба убури мошинҳои боркаш аз болои он иҷоза дод.

Ин пул,  ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бунёд шудааст, дорои иқтидори борбардории 40 тонна мебошад. Ин иншоот натанҳо барои осон кардани интиқоли бор ва масолеҳи зарурӣ барои сохтмони НБО-и “Себзор” истифода мешавад,  балки ҳамчун пайванди муҳим байни деҳаҳои ҳамсоя дар ҳар ду соҳили дарёи Шоҳдара хидмат карда, нақши иҷтимоии муҳимро иҷро мекунад.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бо риояи намунавии стандартҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракуниаш эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин аввалин лоиҳаест, ки ба стандарти устувории гидроэнергетикии Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетика ва ҷоизаи бонуфузи тиллоии он ноил шудаст. Ин дастовард собит мекунад, ки дар амаликунии лоиҳа манфиатҳои ҷамоатҳои маҳаллӣ пурра ба назар гирифта шудаанд.

Илова ба пули навифтитоҳшуда, лоиҳа инчунин ба бунёди инфрасохтори муҳимми иҷтимоӣ, ки ба беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар минтақа нигаронида шудааст, мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бунёди ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки шароити фароғат барои ҷавонон фароҳам мекунад ва сохтмони мактаби нав дар деҳаи Барҷангал, ки барои 200 хонанда пешбинӣ шудааст. Баъдан, лоиҳа ҳамчунин рушди шабакаи муосири обтаъминкуниро дар бар мегирад, ки дастрасии аҳолии маҳалро ба оби тоза ва доимӣ таъмин менамояд.

Тавассути ин ташаббусҳо, Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” на танҳо ба тавлиди нерӯи барқ мусоидат мекунад, балки шароити зиндагӣ ва сохтори иҷтимоии ҷамоатҳои гирду атрофро ба таври назаррас беҳтар мекунад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Себзор” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии молиявӣ ва техникии Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмон тавассути Бонки Олмонии KFW амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.