Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комисияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард.
Ба ин тартиб, Соро Назарбоева – ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз комисия ихроҷ шудааст.
Ба ҷуз аз Соро Назарбоева аз комисия ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Элвира Азимова, мудири "Қазпочта" Аида Абибуллоева ва дигар аъзои комисия ихроҷ шудаанд.
Соро Назарбоеваи 81-сола, муассис ва роҳбари Бунёди хайрия барои кӯдакони "Бобек" солҳои охир дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Дар ҷомеаи Қазоқистон овозаҳое ҳаст, ки вай бо шавҳараш солҳост зиндагӣ надорад.
Тоқаев ба ҳайси раиси комиссия муовини роҳбари маъмурияти худ Аида Балаеваро интихоб кард.