Дар моҳи сентябр Тоҷикистон аз содироти барқ 16,3 млн доллар даромад гирифт

Date:

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи ҳудуди 100 млн доллар неруи барқ интиқол дода шуд. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла дар моҳи сентябр, вақте ки дар худи ҷумҳурӣ интиқоли барқ ба сокинони деҳо маҳдуд шуд, маблағи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар 16,3 млн долларро ташкил дод.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, интиқоли барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар давраи тобистон сурат гирифта, содирот ба Афғонистон дар мавсими тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-май) низ давом мекунад, лекин танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти зерсохтор.

Аввали даҳаи охири моҳи сентябр ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки дар кишвар реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (аз 22 сентябр) ҷорӣ мешавад.

Сокинони деҳоти кишвар изҳор мекунанд, ки аз 21 сентябр дар як шабонарӯз аз 8 то 12 соат – аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 17 то 22-и шом бо барқ таъминанд.

Дар мавриди ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ё худ лимит сокинони деҳоти ҳамаи минтақаҳои кишвар, ба ҷуз ВМКБ шикоят мекунанд. Низоми энергетикии ВМКБ аз низоми марказии энергетикии ҷумҳурӣ ҷудо ва мустақилона амал карда, аз ҷониби ширкати хусусии “Помир энержи” идора мешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 17,2 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 0,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳудуди 95%-и барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...