Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Минниханов

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Қазон бо раиси ҷумҳури Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд. Ин мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+”, ки айни ҳол дар шаҳри Қазон идома дорад, доир гардид. Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштааст, ки […]

Asia-Plus

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Қазон бо раиси ҷумҳури Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд. Ин мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+”, ки айни ҳол дар шаҳри Қазон идома дорад, доир гардид.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштааст, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад.

Таъкид гардидааст, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бо назардошти имконоти мавҷуда мумкин аст ин нишондод боло бардошта шавад.

Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ карда, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф зарур шумурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 23-юми октябр, бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар нишаст (саммит)-и 16-уми БРИКС ба шаҳри Қазони Тотористон сафар кард.

Нишасти БРИКС 22-юми октябр оғоз гардид ва қарор аст то 24-уми октябр идома ёбад. Дар ин нишаст ширкати 20 ҳазор меҳмонони воломақом аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла 36 сарвари давлат, дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.