Ӯзбекистон сафири нави худ дар Афғонистонро таъин кард

Ойбек Усмонов, дипломати 62-солаи Ӯзбекистон, сафири ин кишвар дар Афғонистон таъин гардид. Ба иттилои хабаргузории Kun.uz Усмонов Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро бо ихтисоси филология ва шарқшинос хатм кардааст. Давоми солҳои 2020 – 2024 ба ҳайси сафири Ӯзбекистон дар Покистон кор кардааст. Пеш аз ин ӯ ҳамчун сафир дар Миср ва Покистон ва […]

Asia-Plus

Ойбек Усмонов, дипломати 62-солаи Ӯзбекистон, сафири ин кишвар дар Афғонистон таъин гардид.

Ба иттилои хабаргузории Kun.uz Усмонов Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро бо ихтисоси филология ва шарқшинос хатм кардааст. Давоми солҳои 2020 – 2024 ба ҳайси сафири Ӯзбекистон дар Покистон кор кардааст. Пеш аз ин ӯ ҳамчун сафир дар Миср ва Покистон ва солҳои 2011—2012 ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият кардааст.

Ойбек Усмонов аз соли 1998 дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият мекунад ва дар дастгоҳи марказӣ, инчунин дар намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон яке аз кишварҳоест, ки бо фарқ аз Тоҷикистон бо Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, равобити танготанг дорад. Ин кишвар ҳарчанд ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст, аммо намояндангони расмии он, аз ҷумла дар сатҳи сарвазир ба Кобул сафар кардаву бо намояндагони Толибон мулоқот мекунанд. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.