Дар мактабҳои вилояти Владимири Русия пӯшидани ҳиҷобу ниқоб манъ шуд

Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Владимири Русия ба бар кардани “либос ва таркибҳои он, аз ҷумла ҳиҷобу ниқоб ва ғайраро, ки мансубияти динии хонандаро нишон медиҳанд”, манъ кард. Тавре ки “Медуза” менависад, фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 25 октябри соли 2024 нашр шуд. Ба иттилои “Ведомости”, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Владимири Русия ба бар кардани “либос ва таркибҳои он, аз ҷумла ҳиҷобу ниқоб ва ғайраро, ки мансубияти динии хонандаро нишон медиҳанд”, манъ кард. Тавре ки “Медуза” менависад, фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 25 октябри соли 2024 нашр шуд.

Ба иттилои “Ведомости”, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» Вазорат ин иқдомро чунин шарҳ додааст, ки манъи ҳиҷоб ва ниқобҳо ба он вобаста аст, ки Русия кишвари дунявӣ буда, «калисо аз давлат, аз ҷумла аз соҳаи маорифи дунявӣ ҷудо шудааст».

Вилояти Владимир аввалин минтақа дар Русия гардид, ки пӯшидани ҳиҷоб ва ниқобро дар мактабҳо ба таври доимӣ манъ кард.

Дар охири моҳи майи соли 2024 муовини раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Даванков лоиҳаи қонунеро пешниҳод кард, ки дар он ба муассисаҳои таълимӣ барои манъи пӯшидани либоси динӣ, аз ҷумла либосҳое, ки рӯйро пурра ё қисман мепӯошнанд, ҳуқуқ дода мешавад.

Ин пешниҳодро намояндагони ҳукумати Чеченистон танқид карданд. Аз ҷумла, вакили Думаи давлатӣ Адам Делимханов изҳор дошт, ки мақомоти ҷумҳурӣ пӯшидани ниқобро, ки рӯйро комилан мепӯшонад, «маъқул намедонанд», вале ҳиҷоб – «уҳдадории динӣ»-и зани мусалмон мебошад.

Сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров низ зидди ин иқдом изҳори назар кард.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин моҳи июн даъват намуда буд, ки пӯшидани ниқоб дар Русия «таъҷилан» манъ карда шавад. Ӯ ёдрас карда буд, ки ҳамлаҳои террористӣ маҳз аз ҷониби «исломгароён» содир шудаанд.

Пас аз ин муфтиёти Доғистон ва Карачаево-Черкесия пӯшидани ниқобро дар минтақаҳои худ муваққатан манъ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.