“На дар ҳама ҷо”. Сокинони Душанбе то куҷо худро амн ҳис мекунанд?

Date:

Имрӯз, 10-уми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил мегардад. Дар робита ба ин, аз сокинони Душанбе пурсидем, ки то куҷо худро амн ҳис мекунанд.

Аксари пурсидашудагон гуфтанд, ки дар маркази шаҳр ва маҳалҳои атрофи он худро бехатар эҳсос мекунанд, вале дуртар аз марказ барояшон хавфнок менамояд. Махсусан, шабона.

Аз амният бештар духтарон шикоят карданд. Ба қавли онҳо, дар дилхоҳ ҷою вақт нафаре метавонад ба духтарон чизе гӯяд, роҳашонро гирад ва ё дашном диҳад.

“Онҳоро, аксаран, ҳатто оиладориву ҳамроҳам будани фарзандам боз намедорад”, – гуфт яке аз сокинон.

Дар умум, аксарият қайд намуданд, ки вазъи бехатарӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар аст ва имрӯз метавон то нимашаб озод дар кӯчаҳои пойтахт сайругашт кард.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...