“Ба мусофирон хӯрок диҳед!” Талаби Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ

Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавонавардии Русия хост, дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс ба мусофирон хӯроки гарм диҳанд. Қаблан мусофирон шикоят доштанд, ки ширкатҳои ҳавонавардии Русия ҳангоми парвоз ба онҳо танҳо об медиҳанд, аммо хӯроки гарм намедиҳанд. Ин ниҳод дар сомонааш навишт, бо дархости онҳо аз рӯзи 1-уми ноябр ширкатҳои ҳавопаймоии […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавонавардии Русия хост, дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс ба мусофирон хӯроки гарм диҳанд.

Қаблан мусофирон шикоят доштанд, ки ширкатҳои ҳавонавардии Русия ҳангоми парвоз ба онҳо танҳо об медиҳанд, аммо хӯроки гарм намедиҳанд.

Ин ниҳод дар сомонааш навишт, бо дархости онҳо аз рӯзи 1-уми ноябр ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, “ЮТэйр” ва “Ямал” изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Руся ва баръакс дар дохили ҳавопаймо ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.

“Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1-уми ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд”, – омадааст дар хабари Оҷонсии ҳавонавардӣ.

То ҳол мушаххас нест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ба вижа ширкатҳои русӣ ин дархости Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистонро иҷро кардаанд, ё не. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ба фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дастур додааст, ки иҷрои ин масъаларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Бояд гуфт, ин дуюмин огоҳии Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавонавардии Русия аст. Ин ниҳод моҳи июни соли ҷорӣ низ аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хоста буд, ба мусофирон хӯрок диҳанд. Ҳабибулло Назарзода, директори ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, дар сурати иҷро нашудани дархосташон нисбати ширкатҳои ҳавопаймоӣ чора меандешанд.

Аммо Радиои Озодӣ менависад, ки баъди нашри ин хабар корбарони расона дар шарҳи он гуфтаанд, ширкатҳои русӣ мисли гузашта ба мусофирон ғизо намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳангоми беш аз 3,5 соат давом ёфтани парвоз ҳатман ба мусофирон хӯрок медиҳанд.

Бояд гуфт, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз қабили “Азур Эйр”, “Северний ветер”, “S7 Airlines”, “Уралские авиалинии”,  “Ют Айр” ва “Ямал” аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо иҷро мекарданд.

Соли 2021 ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия низ ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.