Ҷудокорзани тоҷик ба медали тиллои Ҷоми Осиё дар Гонконг соҳиб шуд

Ҷудокорзани 19-солаи тоҷик Виктория Киселёва дар мусобиқаи бузурги қораи Осиё – Hong Kong Asian Open-2024 ба дарёфти медали тилло ноил гардид. Дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Осиё-2024 129 варзишгар аз 13 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 2 нафар ҷудокорзан – Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карданд. Ин мусобиқа марҳилаи муҳим […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ҷудокорзани 19-солаи тоҷик Виктория Киселёва дар мусобиқаи бузурги қораи Осиё – Hong Kong Asian Open-2024 ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Осиё-2024 129 варзишгар аз 13 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 2 нафар ҷудокорзан – Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карданд.

Ин мусобиқа марҳилаи муҳим барои варзишгарон дар роҳ ёфтан ба зинаҳои интихоб ба Бозиҳои олимпӣ ва соҳиб шудан ба имтиёзҳо дар радабадии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин мусобиқа ба варзишгарзанон ҷиҳати нишон додани маҳорату малака ва таҷриба дар арсаи байнулмилалӣ имкони хуб дод.

Виктория дар рақобати аввал ҳарифаш аз Ҳиндустон, дар қувваозмоии дуюм – намояндаи Чин ва дар рақобати финалӣ – варзишгарзан аз Кореяро мағлуб кард.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин медали тилло миёни занон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар чунин сатҳ аст.

«Ҷудокорзани тоҷик Виктория Киселёва бо сатҳи баланди омодагӣ ва неруи қавӣ ва эътимод ба худ бар рақибонаш ғолиб омада, зинаи аввалро касб кард», — шарҳ дод пирӯзии шогирди худро клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф».

«Мо бо ифтихор варзишгари боистеъдоди худ Виктория Киселёваро, ки бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик медали тиллои Ҷоми Осиёро ба даст овард, табрик мегӯем!

Виктория омодагии хуб нишон дода, бо эътимод ба худ рақибонашро мағлуб ва дар финал бо устуворӣ ва маҳорати баланд варзишгар аз Кореяро шикаст дод. Ин дастоварди бузург барои ҷудои Тоҷикистон миёни занон ва намунаи илҳомбахш барои варзишгардухтарони ҷавони мост!» — зикр кард таассуроти худро муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.