Хатсайри нави Душанбе – Риёз. Роҳандозии ин хатсайр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Холид Ал-Фолиҳ баррасӣ шуд

Дирӯз, 10-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо вазири сармоягузории ин кишвар Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ аз муҳимтарин масоиле буд, ки […]

Asia-Plus

Дирӯз, 10-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо вазири сармоягузории ин кишвар Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ аз муҳимтарин масоиле буд, ки зимни ин мулоқот баррасӣ гардид.

“Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд”, – зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамчунин, зикр гардидааст, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст ва аз ин лиҳоз, бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шудааст.

Таъкид гардидааст, ки роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 10-уми ноябр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.