Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 9,1 млн долларро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 23,5% зиёдтар мебошад. Қариб 93% (ҳудуди 8,5 млн доллар)-и муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 9,1 млн долларро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 23,5% зиёдтар мебошад.

Қариб 93% (ҳудуди 8,5 млн доллар)-и муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳо ба воридот аз Қирғизистон рост меояд.

Маблағи молу маҳсулоти ба Қирғизистон содиршуда ҳамагӣ ҳудуди 650 ҳазор долларро ташкил додааст.

Ҳиссаи савдо бо Қирғизистон дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳ ҳамагӣ ба 0,1% баробар аст.

Ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ҳудуди 6,5 млрд долларро ташкил додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Русия дар ин давра Русия (22,3% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (21,2%) ва Қазоқистон (15%) боқӣ мондаанд.

Қобили зикр аст, ки коҳиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муддати се сол баъди муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздимарзӣ дар охири моҳи апрели соли 2021, ки дар ҷараёни онҳо аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, идома дошт.

Аз ҳамон вақт сарҳади байни ин кишварҳо бо масофаи 970 километр баста боқӣ мемонад. Гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо тариқи қаламрави кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Ӯзбекистон) сурат мегирад.

Ҳаҷми савдо байни кишварҳо дар зарфи се сол зиёда аз се баробар – аз 37 млн доллар дар соли 2020 то 12 млн доллар дар соли 2023 поин рафт.

Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон асосан риштаи пахта, сементи портланд, маснуоти алюминий, инчунин меваҳои донакдор интиқол дода мешавад.

Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, шиша, ангиштсанг ва брикетҳо, семент ва ғайра ворид карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио