Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (9-0) дар рақобат бо варзишгари Чин Ван Ле Куан (8-3) дар Ҷоми ҷаҳон дар Пекин пирӯзӣ ба даст овард. Аз сонияҳои аввал ӯ нисбат ба ҳарифаш маҳорату малакаи хубтару бартариянок нишон дода, доварон ғалабаро ба боксчӣ аз Тоҷикистон сазовор донистанд. Муштзани мағлубнашудаи тоҷик бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуда, ба […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов (9-0) дар рақобат бо варзишгари Чин Ван Ле Куан (8-3) дар Ҷоми ҷаҳон дар Пекин пирӯзӣ ба даст овард.

Аз сонияҳои аввал ӯ нисбат ба ҳарифаш маҳорату малакаи хубтару бартариянок нишон дода, доварон ғалабаро ба боксчӣ аз Тоҷикистон сазовор донистанд.

Муштзани мағлубнашудаи тоҷик бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуда, ба даври нимфиналии мусобиқаи Гран-при роҳ ёфт. Ҳарифаш дар ин давр баъдтар маълум мешавад. Барои ғалаба Баҳодур ба маблағи 20 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифт.

То ин мусобиқа Усмонов моҳи июл дар Олимпиадаи Париж қуввваозмоӣ карда буд. Дар он ҷо ӯ дар рақобати аввал бо намояндаи Буоғористон Радослав Росенов бо ҳисоби 0-5 ба шикаст дучор шуд. Моҳи июн дар Екатеринбурги Русия ӯ бар Довуд Алаев дастболо шуда буд.

Баҳодур Усмонов 21 декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Муштзан миёни ҳаваскорон ва касбист, ки дар дараҷаҳои вазни сабук ва нимасабуки якум ҳанарнамоӣ мекунад.

Иштирокчии мусобиқаи даставии нимакасбии «Лигаи бокс. Ҷоми интерконтиненталӣ» (2022). Мавқеи беҳтарин тибқи радабандии BoxRec – 63-ум (майи соли 2023). Усмонов аввалин варзишгар байни муштзанони тоҷик аст, ки ба феҳристи 65 беҳтарин муштзанон дар вазни сабук шомил шудааст

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.