Президент корхонаи истеҳсоли мотороллерро дар Хуҷанд ба истифода дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд корхонаи нави “Сайри Суғд”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров сохта шудааст, ба истифода дод. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои сохтмони корхона 23 млн сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Сохтмони корхона моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд корхонаи нави “Сайри Суғд”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров сохта шудааст, ба истифода дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои сохтмони корхона 23 млн сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Сохтмони корхона моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар он бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол карда мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20 ҳазор бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад.

Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият дошта, тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд. Дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин насб шудааст.

Ғайр аз ин, сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшид.

Корхона бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 млн сомонӣ сарф шудааст. Он аз соли 2009 ба фаъолият оғоз намуда, вале ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содирот кардани он ба хориҷ, тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон аз фестивали асалу картошка ва анор боздид намуд. Дар фестивал беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзии минтақа ба маърази тамошо гузошта шуданд. Президент афзоиши оилаҳои занбӯри асалро дар вилоят зикр кард, ки то 1 ноябри соли равон  578 оила зиёд карда шуда, ба 80 ҳазору 525 оила расонида шудааст.

Ҳамчунин ба масъалаи комёбиҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба туфайли истифодаи самараноки усулҳои агротехникӣ, дар вилояти Суғд зиёда аз 640 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки 105 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.