Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон идома дорад. Начандон зиёд

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 250,4 млн долларро ташкил додааст, ки 0,2% ё худ 7,1 млн зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи 1 январи соли ҷорӣ аст. Ҳудуди 96% дар сохтори қарзи берунаи кишвар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 250,4 млн долларро ташкил додааст, ки 0,2% ё худ 7,1 млн зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи 1 январи соли ҷорӣ аст.

Ҳудуди 96% дар сохтори қарзи берунаи кишвар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ 138,8 млн долларро ташкил медиҳад.

Таносуби қарзи хориҷӣ вобаста ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи  қаноатбахш – 27%  қарор дорад.

Қарздиҳандаи бузург ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он ҳудуди 1 млрд доллар қарздор аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои нисбатан зиёд ба Бонки ҷаҳонӣ ($370 млн), Бонки осиёии рушд ($260 млн), Бонки исломии рушд ($212 млн), Бонки аврупоии таҷдиду рушд ($167 млн) қарздор аст.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз евробондҳо (500 млн доллар) қарздор аст, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷалб шуда буданд. Ин қарз мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда ва ҳоло танҳо фоизҳои он тибқи ин коғазҳои қиматнок пардохт мешавад.

Дар назар аст, ки соли оянда ҳукумат барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” қарзҳои шарикони рушдро ҷалб кунад ва ин ҳаҷми қарзи хориҷиро ба таври назаррас зиёд хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.