Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд

Date:

Дар маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе дирӯз, 27-уми ноябр, ташхиси ноболиғони дорои бемориҳои қалб аз ҷониби табибони чинӣ сурат гирифт. Гуфта мешавад, “10 бемор аз ҷониби ин марказ дар Чин ройгон табобат мешаванд ва аз соли 2025 ҷарроҳии бемориҳои қалб дар Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.”

Аксари бемориҳое, ки ҷарроҳони чинӣ ташхис карданд ва мехоҳанд дар Чин ҷарроҳӣ кунанд, дар Тоҷикистон имкони табобат надоштаанд.

Роҳбари маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” хонум Ян гуфт, танҳо табобати 10 бемор дар нақша буд, вале наздик ба 30 нафар дар рӯзи ташхис ҳозир шуданд, бинобар ин кӯшиш мекунад, ки қариб ҳамаи онҳо ройгон ҷарроҳӣ шаванд.

“Интихоби бемор то 10-сола гуфта мешуд, аммо имрӯз мебинем, ки дар қатори ноболиғон беморони 20-23-сола низ ҳастанд. Бартарияти интихоб ба бемороне дода мешавад, ки аз ҷиҳати молиявӣ шароити хеле танг дорад ва ё бемориаш дар ҳоли вазнин асту таъхир ба саломатиаш хатар дорад”, – шарҳ дод хонум Ян.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон муайян кардааст, ки дар кишвар зиёда аз якуним ҳазор кӯдаки ноболи- ба бемориҳои қалб гирифтор аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хонум Ян

Падари яке аз кӯдакон, ки фарзандаш дорои бемории қалб будааст, мегӯяд аз сабаби надоштани маблағи ҷарроҳӣ натавонист тӯли солҳо фарзандашро табобат кунад. Ӯ барои фарзандаш солҳо инҷониб дору мехаридааст, ки онҳо низ гаронарзишанд.

Пан Дунмин, ҷарроҳи бемориҳои қалб ки аз Чин омадааст, гуфт, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз мавҷудияти 14 ҳазор бемори қалб дар кишвар ва афзудани 4 ҳазор бемор дар як сол иттилоъ дода, барои гузаронидани ин намуди ҷарроҳӣ онҳоро ба Тоҷикистон даъват кардааст.

“Дар нақша аст, ки соли оянда дар Тоҷикистон 100 – 200 ҷарроҳии қалб гузаронем”, – илова кард ӯ.

Табобат пурра ройгон аст, дар ҳоле ки барои ба Чин бурда ҷарроҳӣ намудани ин намуди беморӣ 7 ҳазор доллар (74 ҳазору 860 сомонӣ) харҷ мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Волидоне, ки фарзандонашонро барои ташхис овард буданд, гуфтанд, онҳо қаблан дар қайди Вазорати тандурустӣ буданд ва онҳоро аз омадани табибони чинӣ хабардор кардаанд.  

Ҳамчунин гуфтанд, мутахассисони аз Чин ҳозиршуда аз беморхонаҳои пойтахт дидан карда, муайян мекунанд, ки дар беморхонаҳои кишвар кадом таҷҳизот намерасад. Бо дарназардошти ин, ба кишвар таҷҳизот ворид мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...