spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти “Абӯ Маймун”-и тоҷикистонӣ дар Истанбул ба гумони омодакунии амали террористӣ

Мақомоти пулиси Туркия ду нафар узви эҳтимолии гурӯҳи фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро, ки дар шаби Соли нав анҷом додани амали террористиро дар Истанбюул тарҳрезӣ карда будаанд, боздошт намуд. Дар ин бора рӯзи 7 январ газетаи Sabah хабар додааст.

Гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд. Чанд соат пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ онҳо кӯшиш кардаанд, ки аз назари кормандони пулиси онҳоро пайгиридошта дар мавзеи Башакшеҳири Истанбул пинҳон шаванд. Лекин кормандони пулис бо тирпаронӣ ба чархҳои автомашина, онҳоро боздошт кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон бо ному насаби К.З.И. ва лақаби “Абӯ Маймун” дар “Давлати исломӣ” коршинос оид ба маводи таркандаи худсохт будааст. Муайян карда шудааст, ки ӯ ба аъзои созмони террористӣ ин корро меомӯхтааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати созмон фаъолияти таблиғотӣ мебурдааст.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, боздоштшудагон мехостаанд, ки як ҳамлаи террористии монанд ба 1 январи соли 2017-ро дар Истанбул, ки аз ҷониби ҳамин созмон содир шуда буд, анҷом диҳанд.  Он замон бар асари амали террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Ба иттилои мақомоти пулис, “Абӯ Маймун” ба ҳабс гирифта шуда, нисбати шаҳрванди Ӯзбекистон расмиёти истирдод кардан оғоз гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...