Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд

Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар зодгоҳи ӯ – Соктареи ноҳияи Ғиждувон ба феҳристи маконҳои сайёҳии шаҳри Бухоро ворид шудааст. Дар ин хусус сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар саҳифаи фейсбук хабар додааст. Ба навиштаи манбаъ, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон қарори мазкурро рӯзи 5-уми декабр имзо кардааст. “Ин иқдом дар арафаи ҷашни 150-солагии фарзанди […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар зодгоҳи ӯ – Соктареи ноҳияи Ғиждувон ба феҳристи маконҳои сайёҳии шаҳри Бухоро ворид шудааст. Дар ин хусус сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар саҳифаи фейсбук хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон қарори мазкурро рӯзи 5-уми декабр имзо кардааст.

“Ин иқдом дар арафаи ҷашни 150-солагии фарзанди барӯманди халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ туҳфаи муносиб мебошад. Ба ин хотир корҳои омодагӣ дар деҳаи Соктаре вусъати тоза гирифта, осорхонаи устод аз нав таъмир хоҳад гашт”, – навиштааст сафорат дар саҳифаи Фейсбук.

Қобили зикр аст, ки қаблан соли 2023 ҳокими вилояти Бухоро ва намояндагони сафорати Тоҷикистон тасмим гирифта буданд, ки осорхонаи мазкурро таъмиру навсозӣ мекунанд.

Садриддин Айнӣ даҳҳо асарҳои манзуму мансур навиштааст, ба мисли “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”, “Дохунда”, “Мактаби кӯҳна”, “Ёддоштҳо” ва  ғайра, ки намунаи олиии эҷодиёти ӯ мебошанд. Чанд сол қабл дар Тоҷикистон бархе аз китобҳои Садриддин Айниро дар шакли “Куллиёт”, ки аз 15-ҷилд иборат аст, нашр карданд.

Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии Садриддин Айнӣ боғи ҳамноми ӯ дар шаҳри Душанбе таъмиру азнавсозӣ гардид. Инчунин дар замони шӯравӣ ду муҷассамаи дигари Айнӣ дар назди Хонаи адибон ва дар майдони назди Садбарги пойтахт гузошта шуда буд. Театри академии опера ва балет, Донишгоҳи омӯзгорӣ, кӯчаву хиёбон, инчунин чандин мактабу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шарафи устод Айнӣ номгузорӣ шудаанд.

Соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб дар шаҳри Душанбе Хона-музейи Садриддин Айнӣ таъсис дода шуд. Ӯ дар хона-музейи мазкур, ки дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода №1 воқеъ аст, аз солҳои 1951 – 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш низ баъди марги ӯ чандин сол дар ин хона иқомат мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Доналд Трамп тарҳи “убури амн”-и киштиҳо аз тангаи Ҳурмузро боздошт

Ӯ танҳо як рӯз пеш, аз оғози ин иқдом, ки онро “тарҳи озодӣ” ном мебурд, хабар дода буд.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.