spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Барои чӣ дар Душанбе табиби “бо Худо суҳбатдошта” дастгир шуд?

Дар Душанбе табибе, ки мегуфт “бо Худо суҳбат кардааст”, боздошт шуд. Ба ӯ мутобиқи моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”) айбнома пешниҳод шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД.

Дар Вазорат зикр карданд, ки ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва мувофиқи қарори додгоҳ, ӯ метавонад ҷарима ё ҳабс шавад.

Гуфта мешавад, боздоштшуда мудири Маркази тиббии "Шоҳёр" Бахтиёр Шоҳев мебошад.

Бахтиёр Шоҳев аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД боздошт шудааст.

“Агар саривақт дастгир намешуд, иттилоот ва идеологияи бардурӯғе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекард, паёмадҳои нигаронкунанда меовард. Азбаски дар зери нашрияҳои ӯ, ки мегӯяд, "Худоро дидам ва бо ӯ гуфтугӯ мекардам", аз ҷониби афроди гуногуни пайрави ақидаҳои тундгароӣ шарҳҳои манфии зиёде пайдо мешуданд.

Ин метавонад на танҳо боиси ихтилофи назар дар ҷомеа, балки ҳатто ба худи боздоштшуда зарар расонад, зеро эродҳои баъзеҳо нигаронкунанда буд”, – шарҳ доданд боздошти ӯро дар Вазорат.

Дар ВКД зикр карданд, ки ҳангоми бозпурсӣ маълум шудааст, ки Шоҳев комилан солим буда, ягон бемории рӯҳӣ надорад: ва маводи нашркардаи ӯ мардумро ба гумроҳӣ андохта, ҳадафаш фоидаи бештар  ба даст овардан аст.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди ин ки вақте сухан сари фоида ба даст овардан меравад, чаро ӯ ба қаллобӣ гумонбар намешаваду маҳз ҳамин модда нисбаташ истифода мешавад, сардори маркази матбуоти ВКД Нусратулло Маҳмадзода зикр кард, ки  “аз амалҳои ӯ ҳеҷ кас зарар надидааст, яъне то имрӯз ягон шикояте нарасидааст, ки ӯ ба касе чизе ваъда дода бошаду онро иҷро накардаааст ё касеро  фиреб додааст”.

Дар ҳамин ҳол, дар барномаи “Ахбори ВКД” дар You-Tube зикр мешавад, ки ин амал таҳқир ба арзишҳои мардуми мусулмон буда, чунин тафаккур хатарнок аст. Зикр шуд, ки Шоҳев маълумоти динӣ надорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс”: “Аз рӯи кадом аломатҳо амали ӯ таҳқири мусалмонон арзёбӣ мешавад?”, Нусратулло Маҳмадзода шарҳ дод, ки “мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки дар он асосан аз ислом пайравӣ мекунанд ва маводи нашркардаи ӯ мухолифи шариати ислом аст”.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз корбарони шабака дар шарҳҳои худ ба кормандони милитсия муроҷиат намуда, нисбати Шоҳев чораҷӯйӣ дархост карданд, зеро ӯ бо фиреби худ одамонро ба гумроҳӣ меандохт.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ нашр шуд, ки дар он Бахтиёр Шоҳев бо ду зан дар паҳлӯяш тасдиқ мекунад, ки “Худоро дидаву бо ӯ гуфтугӯ кардааст”.

“Дар ҷаҳон рӯҳҳои бади зиёде ҳастанд, ки тавассути портал ба ҷаҳони мо ворид мешаванд, то ки одамонро озор диҳанд. Худо маро дӯст медорад ва ба наздаш даъват кард, бо ӯ сӯҳбат кардам ва ӯ гуфт, ки маро дӯст медорад”, – мегӯяд дар видео Шоҳев.

Маълум аст, ки Шоҳев дар маркази тиббии худ ба муолиҷаи бемориҳои сутунмуҳра машғул буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...