Барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Он чӣ гуна кор мекунад?

Date:

Дар Тоҷикистон барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” (Tourist Map Tajikistan), ки махсус барои сайёҳони хориҷӣ таҳия шудааст, муаррифӣ гардид. Замима дар бораи маконҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар, тарабхонаву меҳмонхонаҳо маълумот дода, суроғаи дақиқи онро дар харита нишон медиҳад. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дар кумита гуфтанд, ки барномаи мазкур дар доираи “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030” бо маблағгузории лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Вазорати молия аз ҷониби ширкати “Ребус” таҳия шудааст.

“Ҳадафи таҳияи чунин барнома нишон додани маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад, ки дар самти рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ таҳия шудааст”,-гуфтанд дар ин ниҳод.

“Азия-Плюс” замимаи мазкурро аз назар гузаронида муайян кард, ки он барои сайёҳон ва аҳолии кишвар то кадом андоза муфид аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Замимаи мазкур аз бахшҳо маконҳои сайёҳӣ, тарабхона ва меҳмонхона иборат аст, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ бораи ҳар як макони сайёҳӣ ва таърихӣ, тарабхона ва меҳмонхона маълумоти кутоҳ медиҳад.

Шаҳрвандон ва сайёҳон метавонанд онро аз “Google Play” ва “App Store” боргирӣ кунанд. Дар кумита гуфтанд, ки барнома баъди боргирӣ кардан бе пайвастшавӣ ба Интернет низ кор мекунад, ки истифодабаранда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бемавҷ низ имкони истифодаи онро дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1,2 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ  аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки ин теъдод дар ҳамин давраи соли 2023-юм  каме бештар аз 1 млн нафарро ташкил медод. Вуруди аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон – 746,1 ҳазор нафар аст, ки 60 фисад аз теъдоди умумии хориҷиёни воридшударо ташкил мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...