ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?

Date:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) 28 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли оянда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардааст. Аксари ин номзадҳо ҷавон буда, танҳо ду-се нафар собиқадорони ҳизб мебошанд.

АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, номзадҳо 2 нафар аз ВМКБ, 9 нафар  аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз вилояти Суғд, 6 номзад аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 5 нафар аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар байни номзадҳо 11 зан ва 17 мард мебошад.

“Номзадҳо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла 5 ҳуқуқшинос, 8 иқтисоддон, 5 омӯзгор, 3 адабиётшинос ва дигарон  таърихшинос, технолог, муҳандис, агроном ва мутахасси умури гумрукӣ мебошанд”, – навиштааст “Ховар”.

Аз вакилони ҳозира танҳо номзадии Матробиён Саодатшо пешниҳод шудааст. Аз мансабдорони баландмақом танҳо исми Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро вохӯрдан мумкин аст. Боқимонда, расиони кумитаҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳӣ ва омӯзгорону мансабдорони сатҳи маҳаллӣ мебошанд.

То ҳол танҳо ҲХДТ номзадҳои худро ба интихоботи парлумонии кишвар ки моҳи марти соли оянда баргузор мешавад, пешниҳод кардаст. Ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҲДТ ва ҲАТ гуфтанд, ки дар анҷумани навбатии худ номзадҳоро пешниҳод хоҳанд кард.

Номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати ҳафтум  (солҳои 2025-2030):

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...