“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?

Пагоҳ, 20-уми декабр “Тоҷикфилм” дар толори синамои ба номи Тоҳир Собиров питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ доир мекунад. Дар он лоиҳаҳои филмҳое, ки “Тоҷикфилм” дар соли 2025 сармоягузорӣ мекунад, интихоб мешаванд. Дар ин бора “Тоҷикфилм” иттилоъ дода менависад, “лоиҳаҳои синамоӣ барои филми ҳунарии пурра, филми кутоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ рӯнамоӣ мегарданд.” Дар питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Пагоҳ, 20-уми декабр “Тоҷикфилм” дар толори синамои ба номи Тоҳир Собиров питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ доир мекунад. Дар он лоиҳаҳои филмҳое, ки “Тоҷикфилм” дар соли 2025 сармоягузорӣ мекунад, интихоб мешаванд.

Дар ин бора “Тоҷикфилм” иттилоъ дода менависад, “лоиҳаҳои синамоӣ барои филми ҳунарии пурра, филми кутоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ рӯнамоӣ мегарданд.”

Дар питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ филмсозон, намояндагони ширкатҳои филмбардорӣ ва шабакаҳои телевизионӣ, ки хоҳиши филмофарӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Толиб Раҳматуллоев, муовини директори “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфт, то имрӯз лоиҳаи 8 филм ба ин муассиса ворид гардид.

“Мувофиқи “Барномаи рушди кинои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” “Тоҷикфилм” дар соли 2025 ду филми ҳунарии пурра, 4 филми кутоҳи бадеӣ ва чанд (миқдори муайянро нагуфт-аз идора) филми мустанаду тасвириро сармоягузорӣ мекунад.”

Вале ӯ таъкид кард, ки ин теъдод ниҳоӣ набуда, метавонад дар ҳолати пешниҳоди лоиҳаҳои арзишманд филмҳои бештар сарпарастӣ ёбанд.

Аз “Тоҷикфилм” нагуфтанд, ки барои сарпарастии филмҳо дар соли 2025 чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст ва барои ҳар як филм чӣ қадар сармоягузорӣ мешавад..

Натиҷаҳои интихоби лоиҳаҳо пас аз 10 рӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаӣ мегардад.

Бояд гуфт, охирон маротиба “Тоҷикфилм” 30-юми августи соли 2024 рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ доир карда буд.

Вазъи бахши синамо дар кишвар солҳои охир нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Мардум аз набудани филми арзишнок шикоят мекунанд, вале филмофарон аз бетаваҷҷуҳӣ ба синамо нигаронанд. Ба гуфтаи аксари филмофарон мушкили асосии ин соҳа маблағ аст, вале баъзе ҳунармандон изҳор медоранд, ки камбуди пул дуюмдараҷа буда, мушкили аввал набудани мутахассиси соҳа аст.

Аз мушкилоти соҳаи синамо ва андешаи мутахассисони соҳа дар маводи "Камбуди пул ё мутахассис? Чаро дар Тоҷикистон филми таърихӣ намеофаранд?" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио