Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард

Ҳайати мудирони Бонки ҷаҳонӣ созишнома дар бораи ҷудо кардани маблағи грантӣ дар ҳаҷми 350 млн доллар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) “Роғун”-ро тасдиқ кардаанд. Қарори мазкур миёи намояндагони бонк ва Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр дар Вашингтон ба имзо расидааст. Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри як иттилоия эълон кард, ки барои маблағгузории марҳалаи аввали сохтмони НБО […]

Шаҳноз Ализода, Asia-plus

Ҳайати мудирони Бонки ҷаҳонӣ созишнома дар бораи ҷудо кардани маблағи грантӣ дар ҳаҷми 350 млн доллар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) “Роғун”-ро тасдиқ кардаанд. Қарори мазкур миёи намояндагони бонк ва Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр дар Вашингтон ба имзо расидааст.

Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри як иттилоия эълон кард, ки барои маблағгузории марҳалаи аввали сохтмони НБО “Роғун” 350 миллион доллар аз ҳисоби маблағи грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) ҷудо кардааст.

Тибқи қарор, ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки то 3% (баъди анҷоми сохтмон то 5 %)-и даромад аз фурӯши нерӯи барқро барои ҳимояи қишри камбизоати аҳолӣ равона кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ изҳори умед кардааст, ки пас аз пурра ба итмом расидани сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” (бо иқдидори 3780 мегаватт) аҳолии Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол, аз ҷумла зимистон бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, як қисми нерӯи барқи истеҳсолшуда, ки безарар барои муҳити зист аст, ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон содир мегардад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО “Роғун” гуфта буд, ки “гуфтушунидҳо ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи грантӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 650 млн доллар дар арафаи анҷомёбӣ аст”.

Президент таъкид дошт, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.

Дар аввал гуфта мешуд, ки "Роғун" аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ сохт мешавад. Барои ҷамъоварӣ фурӯши саҳмияҳо ҳам ба роҳ монда шуд. Дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб хоҳанд кард.

Сармоягузорони аввалини лоиҳаи “Роғун” Бонки исломии рушд (150 млн доллар) ва фондҳои кишварҳои араб (400 млн доллар) буданд, ки маблағгузориашонро 17 апрели соли ҷорӣ тасдиқ карданд. Инчунин созишнома оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (Чин) ба маблағи 500 млн доллар ба имзо расидааст.

 

Арзиши лоиҳаи неругоҳи “Роғун” чӣ гуна тағйир меёфт

Соли 2008 замони барқарор шудани амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.

Соли 2016 зимни баргузории тендери байнулмилалӣ оид ба интихоби паймонкори кулл барои сохтмони сарбанд, арзиши иншоот 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Соли 2022 Вазорати энергетикаи ҶТ, эълон дошт, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” беш аз 5 млрд доллар зарур аст.

Аввали моҳи феврали соли 2023 Вазорати энергетика хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони ин неругоҳ, тибқи арзёбиҳои ахир, 6,2 млрд доллар лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” зиёда аз 40 млрд сомонӣ (ҳудуди 4 млрд доллар) равона шуд, аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 млн сомонӣ), евробондҳо (500 млн доллар) ва боқимонда – аз ҳисоби буҷети давлатӣ.

НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.