Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд

Дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз намуданд. Кори ярмаркаҳо дар доираи қарори раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, то 31 декабри соли 2024 ҳамарӯза фаъолият хоҳанд кард. Фурӯшгоҳҳои махсуси ярмаркаҳо дар ҷойҳои зерин ташкил карда шудаанд: – бозори «Саховат»; – бозори «Меҳргон»; – майдони назди боғи «Куруши Кабир»; […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз намуданд.

Кори ярмаркаҳо дар доираи қарори раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, то 31 декабри соли 2024 ҳамарӯза фаъолият хоҳанд кард. Фурӯшгоҳҳои махсуси ярмаркаҳо дар ҷойҳои зерин ташкил карда шудаанд:

– бозори «Саховат»;

– бозори «Меҳргон»;

– майдони назди боғи «Куруши Кабир»;

– таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва дар ҳамдастӣ бо сохторҳои шаҳр гузаронида шавад. Ҳадаф аз баргузории ярмаркаҳо пешниҳоди маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас ба сокинони пойтахт унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки чунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ҳамасола пеш аз идҳо баргузор карда мешаванд. Дар ярмаркаҳо бо нархҳои нисбатан арзон номгӯи васеи маҳсулот, аз қабили биринҷу гӯшт, картошка, пиёз, равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ харидан мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио