Даҳ варзишгари тоҷик ба сафи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон шомил шуданд

Date:

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) радабандӣ (рейтинг)-и нави ҷаҳонии навшударо ба нашр расонид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон бори дигар сатҳи баланди маҳорату малакаашонро дар ин навъи гӯштин тасдиқ карданд.

Дар категорияи вазни беш аз 100 кг Темур Раҳимов бо 5380 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад ва яке аз ҷудокорони пурқуувати ҷаҳон дар категорияи вазни вазнин маҳсуб меёбад. Боз як пешсафи даста Эмомалӣ Нуралӣ низ дар вазни то 66 кг бо 4141 имтиёз дар мақоми сеюм ҷойгир аст.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг то зинаи панҷум боло рафта, соҳиби 4540 имтиёз аст ва яке аз ҷудокорони моҳиру пурқуввати ҷаҳон дар вазни худ дониста мешавад.

Мақоми дигар намояндагони Тоҷикистон дар радабандии ҷудокорони ҷаҳон низ чандон бад набуда, тариқи зайл аст:

Категорияи то 60 кг: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (зинаи 30-юм, 1948 имтиёз), Меҳрзод Сӯфиев (зинаи 52-ум, 835 имтиёз);

Категорияи то 66 кг: Обид Ҷебов (зинаи 6-ум, 3698 имтиёз);

Категорияи то 73 кг: Беҳрӯз Хоҷазода (зинаи 17-ум, 2560 имтиёз), Абӯбакр Шеров (зинаи 18-ум, 2515 имтиёз);

Категорияи то 90 кг: Комроншоҳ Устопириён (зинаи 28-ум, 2079 имтиёз);

Категорияи то 100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов (зинаи 25-ум, 2190 имтиёз).

Ин натиҷаҳо аз дастовардҳои мактаби ҷудои Тоҷикистон ва рақобатпазирии афзояндаи варзишгарони он дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки мубориза барои пешсафӣ хеле шадид аст, гувоҳӣ медиҳанд.

Дар категорияи вазни то 60 кг ҷудокорон аз Фаронса Лука Мхеидзе бо 6104 имтиёз  ва дар категорияи вазни то 66 кг Уиллиан Лима аз Бразилия бо 5165 имтиёз  пешсафанад.

Дар категорияи вазни то 73 кг Хидаят Гейдаров аз Озарбойҷон бо 8004 имтиёз ва дар категорияи вазни то 81 кг – Тато Гирагалашвили аз Гурҷистон бо 6435 имтиёз дар зинаи аввал қарор доранд.

Ба унвони беҳтарин ҷудокор миёни варзишгарони вазни то 90 кг Лаша Бекаури (6000 имтиёз) аз Гурҷистон соҳиб аст.

Дар вазни то 100 кг Зелим Котсоев (6812 имтиёз) аз Озарбойҷон ва дар вазни беш аз 100 кг Тедди Ринери маъруф аз Фаронса (6800 имтиёз) дар зинаҳои аввал ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...