Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд

Date:

Як гурӯҳ кафшергарон аз Тоҷикистон дар доираи созишномаи интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик ба Корея дар семоҳаи аввали соли оянда барои кор ба ин кишвар мераванд. Дар ин бора Вазорати меҳнати кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ ҳарчанд гуфтааст, ки интиқоли аввалин гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба Корея семоҳаи аввали соли 2025 оғоз мешавад, вале мушаххас нагуфтааст, ки кадом моҳ ё рӯз онҳо сафар мекунанд.

Вале гуфтааст, ки ба гурӯҳи нахустин муоҷирон дар доираи созишнома кафшергарон шомил мешавад ва қабули довталабон оғоз шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор кардан дар ин кишварро доранд, метавонанд ба Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат муроҷиат кунанд.

Вазорати меҳнат гуфтааст, барои маълумоти бештар шаҳрвандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ бинои 108 муроҷиат кунанд. Ва ё ба рақамҳои зерин занг зананд: 250-32-42 (Вазорати меҳнат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13.

Ба гуфтаи манбаъ, талабот барои коргарон, донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират, синну соли аз 18 то 39 сола ва доштани шаҳодатномаи тахассусӣ бо ихтисоси кафшергар мебошад.

Қаблан, гуфта мешуд, ки яке аз талаботи асосӣ барои кор дар Корея ин донистани забони кореягӣ аст. Бо дарназардошти ин, мақомот барои омӯзиши забони кореягӣ дар дохилӣ кишвар курсҳои кутоҳмуддат ташкил краданд, ки хоҳишмандон метавонанд, забонро омӯзанд.

Дар бораи суроға, рақамҳои телефони марказҳои кореягӣ ва нархи таҳсил дар ин мавод  маълумот гиред: “Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?”.

Ҳамчунин, дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шарту шароит ва талаботи коргарон барои сафар ба Кореяи Ҷанубӣ метавонед маълумот пайдо кунед: “Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд”.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...