Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?

Фарқият байни содироту воридоти Тоҷикистон дар соли 2024 ба таври назаррас афзуд. Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 7,9 млрд долларро ташкил додааст, ки 17,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст. Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҷумҳурӣ ба маблағи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Фарқият байни содироту воридоти Тоҷикистон дар соли 2024 ба таври назаррас афзуд. Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 7,9 млрд долларро ташкил додааст, ки 17,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҷумҳурӣ ба маблағи 1,7 млрд доллар молу маҳсулот содир намуда, ҳаҷми воридот 6,2 млрд долларро ташкил дод.

Ба ин тариқ, тавозуни савдо манфӣ шуда, зиёда аз 4,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 3,6 баробар зиёд аст. Ёдрас мекунем, ки дар ҳамин давраи соли 2023 ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 2,4 баробар зиёд буд.

 

Тоҷикистон чӣ фурӯхту чӣ харид?

Ҳудуди нисфи содироти ҷумҳуриро дар соли равон фулузот (металлҳо) ташкил доданд, аз ҷумла 20% фулузоти гаронбаҳо ва 27% – фулузоти арзон ва маснуот аз он (аюминий).

Дар сохтори содирот ҳиссаи зиёд (ҳудуди 29%)-ро инчунин семент, маъдан ва консентратҳо, ангишт, нерӯи барқ, яъне ашёи хоми гуногун ташкил медиҳад. Ҳудуди 15% ба ҳиссаи маҳсулоти нассоҷӣ (нахи пахта ва масунот аз он) рост меояд.

Дар воридот ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ (12,2%) мошин ва таҷҳизот (11,5%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (9,3%) ва фулузоти гаронбаҳо (ҳудуди 6%) зиёдтар аст.

Фулузоти гаронбаҳоро ҷумҳурӣ дар моҳи май, замони қариб ба 2400 доллар расидани нархи як унсияи троянии тилло ворид кард. Дар ҳамин ҳол, моҳи феврал, вақте ки як унсияи троянии тилло каме зиёдтар аз 2000 доллар нарх дошт, баръакс ҷумҳурӣ қариб ба маблағи 300 млн доллар фулузоти гаронбаҳо содир кард.

Дар зарфи 11 моҳ ҷумҳурӣ бо 117 кишвари саросари дунё муомилоти савдо анҷом дод. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (ҳудуди 1,8 млрд доллар), Чин (зиёда аз 1,7 млрд доллар) ва Қазоқистон (қариб 1,2 млрд доллар) маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.