Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд

Ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2024 эътироф шуд. Рӯзи 26 декабр дар толори “Кохи Суруш” маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардида, ки дар он аз мавсими соли 2024 натиҷагирӣ ва дар 15 номинатсия ғолибон эълон шуданд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Манучеҳр Ҷалилов бори […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2024 эътироф шуд.

Рӯзи 26 декабр дар толори “Кохи Суруш” маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардида, ки дар он аз мавсими соли 2024 натиҷагирӣ ва дар 15 номинатсия ғолибон эълон шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Манучеҳр Ҷалилов бори чорум дар замони фаъолияти худ беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шуд.

Дар мавсими соли 2024 Ҷалилов 17 гол зада, нишонзани беҳтарини чемпионат шуд. Қаблан ӯ солҳои 2015, 2016 ва 2022 беҳтарини футболбоз эътироф гардид, ки аз футболбози бомаҳорат будани ӯ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Ӯ фаъолияти касбии худро аз дастаи ҷавонони “Локомотив”-и Маскав оғоз намуда, сипас то ба дастаи “Истиқлол” омадан дар соли 2015 дар тимҳои «Локомотив-2», «Горняк» ва «Нефтехимик» бозӣ кардааст. Ӯ ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва якчанд бор нишонзани беҳтарин шудааст.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал соли 2011 ба майдон баромада, дар дастовардҳои тими миллӣ нақши назаррас дорад.

Ба ҷоизаҳои дигари Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли равон инҳо соҳиб шуданд:  

Беҳтарин дарвозабон – Евгений Гритсенко («Равшан»).

Беҳтарин ҳимоятгар – Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин нимҳимоятгар – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Беҳтарин ҳамлагар – Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Беҳтарин легионер – Деян Тумбас («Хуҷанд»).

Беҳтарин мураббӣ – Зайниддин Раҳимов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозингари Лигаи якум – Хайриддин Тӯрахонов («Ҳулбук»).

Беҳтарин мураббии Лигаи якум – Ҷӯрахон Мирзоев («Ҳулбук»).

Беҳтарин нишонзани Лигаи якум – Шоҳин Боев («Моҳир») – 25 тӯб.

Ҷоизаи махсуси «Бозгашти сол» – Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»).

Беҳтарин бозингари ҳайати ҷавонони Лигаи олӣ – Муҳаммад Назриев («Истиқлол»).

Беҳтарин мурабии ҳайати ҷавонони Лигаи олӣ – Рустам Қурбонов («Истиқлол»).

Беҳтарин нишонзани ҳайати ҷавонони Лигаи олӣ – Фирӯзҷон Шарипов («Истиқлол») – 29 тӯб.

Беҳтарин довар – Насрулло Кабиров (Норак).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.