Беш аз 39 млн рубли муҳоҷиронро баргардониданд. Намояндагии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, шартномаи меҳнатӣ банданд

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар Русия давоми соли 2024  беш аз 39 млн рубли русии муҳоҷирони кории тоҷикро, ки аз ҷониби корфармон пардохт нашуда будааст, баргардонидаанд. Ин пул тавассути муколама бо корфармоён, ҳамкорӣ бо мақомоти Русия ва муроҷиат ба додгоҳи ин кишвар рӯёнида шудааст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи […]

Asia-Plus

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар Русия давоми соли 2024  беш аз 39 млн рубли русии муҳоҷирони кории тоҷикро, ки аз ҷониби корфармон пардохт нашуда будааст, баргардонидаанд. Ин пул тавассути муколама бо корфармоён, ҳамкорӣ бо мақомоти Русия ва муроҷиат ба додгоҳи ин кишвар рӯёнида шудааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки соли гузашта мушаххасан 39 031 530,00 рубл (муодил ба 3 942 748,00 сомонӣ) баргардонида шуд.

Ин нисбат ба соли гузашта бамаротиб камтар будааст. Соли 2023 музди меҳнати баргардонидашуда 244 612 402,00 рубл (муодил ба 24 709 389,00 сомонӣ)-ро ташкил додааст.

Намояндагӣ сабабҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷиронро дар бештар ҳолат ба “номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо” рабт дода, навиштааст, ки ин боис мегардад, “дар охир ҳисоби корҳои анҷомдодашуда байни тарафҳо мувофиқат намекунад”.

“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад. Дар ин сурат Намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи нопардохти музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд, ки одатан мусбӣ ҳал мешавад”, – навиштааст ин ниҳод.

Дар баробари ин, Намояндагӣ иддао мекунад, ки “барои набастани шартномаи меҳнатӣ корманд масъул нест” ва ин нуктаро ба сами мақомоти Русия расонидааст. Мақомоти Русия бошад, роҳбарони корхонаҳои хурду бузургеро, ки бидуни шартномаи меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро ба кор ҷалб кардаанд, муҷозот кардаанд.

Намоняндагӣ ба шаҳрвандони кишвар, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, тавсия додааст, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Русия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ доранд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио