Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?

Дар Душанбе пагоҳ, 17-уми январ, дар пайи сафари Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба ватан, роҳҳои мошингарди кӯчаҳои Мастонгулова, А.Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан баста мешаванд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир аз соати 6:30 то 8-и субҳ қатъ мегардад. Ин ниҳод […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Душанбе пагоҳ, 17-уми январ, дар пайи сафари Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба ватан, роҳҳои мошингарди кӯчаҳои Мастонгулова, А.Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан баста мешаванд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир аз соати 6:30 то 8-и субҳ қатъ мегардад.

Ин ниҳод аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Бояд гуфт, имрӯз аз соати 8-и субҳ ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Сино, Нусратулло Махсум ва хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Сомонӣ барои муддате қатъ гардид ва ин ҳолат то соати 20:00 идома меёбад.

Ёдрас мешавем, ки Масъуд Пизишкиён бегоҳи 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ин сафари нахустини ӯ ба унвони раиси ҷумҳури Эрон аст. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ӯро дар Қасри миллат истиқбол гирифт ва байни вазоратҳои ду кишвар 23 созишнома ва байни бахши тиҷорӣ 13 созишномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расид.

Интизор меравад, ки Масъуд Пизишкиён пагоҳ субҳ аз Тоҷикистон бо сафари давлатӣ озими Русия шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.