Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад

Аз 17 то 20-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши шадиди барфу борон пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар (КҲФ) иттилоъ дода гуфтааст, ки эҳтимоли пастшавии ногаҳонии ҳарорати ҳаво ва фаромадани тормеғ (туман) дар минтақаҳо ва Душанбе вуҷуд дорад. Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар манотиқи […]

Asia-Plus

Аз 17 то 20-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши шадиди барфу борон пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар (КҲФ) иттилоъ дода гуфтааст, ки эҳтимоли пастшавии ногаҳонии ҳарорати ҳаво ва фаромадани тормеғ (туман) дар минтақаҳо ва Душанбе вуҷуд дорад.

Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар манотиқи кӯҳии Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ то -10º, дар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе то -2º сард шуда, дар баъзе манотиқи ВМКБ аз -13º то -42º сард пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, шаҳрвандонро аз хатари сангрезӣ, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор ва Душанбе-Хоруғ ҳушдор додааст.

Ба ин далел, КҲФ аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳиро риоя карда, аз сайругашт дар маконҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин ба ронандагон таъкид карда шудааст, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз карда, пеш аз сафар ҳолати техникии нақлиёти худро бисанҷанд ва дар доруқуттии худ доруҳои заруриро дошта бошанд.

Аз сокинони навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ даъват карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Бояд гуфт, қаблан дар асари номусоидии ҳаво ва фаромадани тарма ҳолатҳои фоҷиавӣ дар кишвар зиёд буданд. Аз ҷумла, 20-уми ноябри соли 2024 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар пайи фаромадани тарма як нафар ҷон бохта, ду тани дигар захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.