Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон

Дар пайи 13 офати табиӣ дар соли гузашта дар вилояти Суғд 5 кас ба ҳалокат расида, ба буҷети вилоят 17 млн сомонӣ хисороти молӣ расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд  иттилоъ дод. Манбаъ гуфт, дар ин давра 12 маротиба сел омада, 1 ҳодисаи раъду барқ рух дод. […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пайи 13 офати табиӣ дар соли гузашта дар вилояти Суғд 5 кас ба ҳалокат расида, ба буҷети вилоят 17 млн сомонӣ хисороти молӣ расидааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд  иттилоъ дод.

Манбаъ гуфт, дар ин давра 12 маротиба сел омада, 1 ҳодисаи раъду барқ рух дод.

Ба гуфтаи Диловар Ҳамдамов ҳарчанд офатҳои табиӣ ва шумораи фавтидаҳо дар соли гузашта назар ба соли 2023-юм кам шудааст, вале хисороти расида қариб 10 млн сомонӣ зиёд аст.

Ӯ гуфт, ки дар шимоли кишвар соли 2023-юм 7 офати табиӣ ҷони 6 нафарро рабуда, наздикӣ 7,5 миллион сомонӣ хисороти молӣ  дар пай гузошта буд.

Ба таъкиди ин масъули КҲФ Суғд, дар пайи офатҳои табиии соли гузашта хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, иншоотҳои ёрирасон, роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, хатҳои обёрӣ, каналҳои оби полезӣ ва кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра зарар дидаанд.

Офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Деваштич, Айнӣ, Кӯҳистони Кӯҳистон, Мастчоҳ ва Ашт ба қайд гирифта шудаст.

Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 11 моҳи соли гузашта дар тамоми Тоҷикистон 636 ҳодисаи хатарноки табиӣ рух дода, бар асари ин ҳодисаҳо 17 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.