CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) дар гузориши солонаи худ ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби озодии сухан ва зиндонӣ кардани рӯзноманигорон танқид карда, талаб намудааст, ки журналистони боздошту зиндонишударо озод кунад.   “Бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ накунед” Дар гузориши CPJ омадааст, то рӯзи 1-уми декабри соли 2024, ҳадди аққал 8 рӯзноманигор дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохта, ба […]

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) дар гузориши солонаи худ ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби озодии сухан ва зиндонӣ кардани рӯзноманигорон танқид карда, талаб намудааст, ки журналистони боздошту зиндонишударо озод кунад.

 

“Бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ накунед”

Дар гузориши CPJ омадааст, то рӯзи 1-уми декабри соли 2024, ҳадди аққал 8 рӯзноманигор дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохта, ба монанди “экстремизм” ва “терроризм”, зиндонӣ шудаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз қонунҳои норавшан, фаъолияти рӯзноманигоронро саркӯб мекунад ва ба озодии сухан маҳдудиятҳои сахт мегузорад. Ин созмон дар паси дарҳои баста сурат гирифтани мурофиаҳои додгоҳии рӯзноманигорони тоҷикро низ интиқод кардааст.

Гузоришгарон мегӯянд, ки иттиҳомоти зидди рӯзноманигорон аксаран бо фаъолияти онҳо дар таҳқиқоти журналистӣ ва таъкид ба мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ марбутанд.

“Боздошту тафтишоту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон нишон медиҳанд, ки ҳукумат кӯшиши хомӯш кардани ҳар гуна садои мустақилро дорад”, – омадааст дар гузориши CPJ.

Дар муқоиса бо дигар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи гузоришгарони CPJ, Тоҷикистон дар роҳи таъмини озодии матбуот қафо мондааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи манбаъ, кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қирғизистон ва Қазоқистон, то андозае озодии бештар ба матбуот медиҳанд, дар Тоҷикистон фазои озодии матбуот аз соли 2020 ба таври назаррас танг шудааст.

Ин тамоюлро Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳамчун бадтарин вазъият дар Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ кардааст.

 

Талабҳо аз ҳукумати Тоҷикистон

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад, ки рӯзноманигорони беасос зиндоншударо фавран озод намояд, муҳокимаҳои шаффофро таъмин ва иттиҳомоти сохтаро бекор куна ва озодии матбуотро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи демократӣ эҳтиром кунад.

Инчунин, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ба созмонҳои дигари байналмилалӣ тавсия додааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон фишор оранд ва ҳукумати кишварро ба риояи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон водор созанд.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар гузориши солонаи худ навишт, ки то рӯзи 1 декабри соли 2024 ҳадди аққал 361 рӯзноманигор дар ҷаҳон бо сабаби фаъолияти касбии худ дар зиндон будаанд.

Ин бори аввал нест, ки созмонҳои байналмилалии дифоъ аз журналистон озодии рӯзноманигорони тоҷикро дархсот мекунанд. Қаблан, низ чунин талабҳо садо дода буд. Вале ба ҳеҷ яке аз ин талабҳо ҷониби Тоҷикистон посух надодааст.

Бояд гуфт, ки аввали соли 2025 рӯзноманигор ва сармуҳаррири нашрия “Пайк” Аҳмади Иброҳим ба “ришвадиҳӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор шуда, 10 сол равонаи зиндон гардид. Худи Аҳмади Иброҳим ва пайвандонаш иттиҳомотро қабул надоранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло қариб 10 рӯзноманигори тоҷик бо иттиҳомоти гуногун дар зиндон қарор доранд. Аксари ин журналистон айбҳои алайҳашон эълоншударо қабул надоранд ва борҳо ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, хостори адолат шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.