Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе

Date:

Мақомоти милитсияи пойтахт як сокини 29-солаи шаҳри Душанберо бо гумони куштори холааш (хоҳари модараш) дар ҳолати сархушӣ боздошт кардаанд. Сабаби куштор “баҳсу муноқиша байни ҳамдигар” гуфта мешавад.

ВКД аз ин ҷавон ва ҳамчунин зан ном набурадааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хешони наздик (ҷияну хола) будв, сокинони 29 ва 42-солаи пойтахт мебошанд.

Сабаби марги зан “3-4 зарби пой  дар рӯйю сар” ва "хунравии зиёд" гуфта мешавад.

“Баъдан ҷабрдидаро, ки аз сару рӯй ва даҳонаш хун саршор будааст, ба ҳаммоми хонаи истиқоматиаш дароварда, сару рӯяшро шуста, либосҳои дар тан доштаи холаашро иваз намуда, дидаву дониста дар айвони сарди хонааш гузоштааст, ки марҳум аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст”, – навиштааст ВКД.

Нисбати гумонбаршаванда барои одамкушӣ ё моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон паврандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Боздошти гумонбарон барои куштори яъзоёни оила ва ё хешовандон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2024 Ҳукмиддин Салоҳиддинов, бо гумони куштори хоҳарбузургаш Шодиой Салоҳиддиноваи 46 сола боздошт шуда буд.

Инчунин, 31-уми августи соли гузашта Илҳом Раззоқови 26-сола бо гумони куштори ҳамсараш Баҳринисо Боқиева 22 сола бо роҳи буғӣ кардан дастгир шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...