Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард

Рошид Неъматов, ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Африқо, ки дар шаҳри Касабланкаи кишвари Марокаш миёни наврасону ҷавонон баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар ин мусобиқа ягона намояндаи Тоҷикистон буд ва рӯзи 17-уми январ дар вазни то 73 кило баромад карда, баъди шикасти як паҳлавони кувайтӣ ва се ҷудокори мизбон ба финал […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Рошид Неъматов, ҷудокори навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Африқо, ки дар шаҳри Касабланкаи кишвари Марокаш миёни наврасону ҷавонон баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд.

Ӯ дар ин мусобиқа ягона намояндаи Тоҷикистон буд ва рӯзи 17-уми январ дар вазни то 73 кило баромад карда, баъди шикасти як паҳлавони кувайтӣ ва се ҷудокори мизбон ба финал баромад. Дар ин марҳила варзишгари тоҷик бо Букурат Райани аз Марокаш куштӣ гирифта, ӯро ҳам ноком кард ва медали тиллоро ба гардан овехт.

Медали Рошид Неъматов, аввалин медали наврасони тоҷик аз куштии ҷудо дар соли 2025 аст.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи Ҷоми Африқо наздик ба 80 паҳлавон аз 12 кишвар ширкат кардаанд.

Бояд гуфт, Рошид Неъматов 18 сол дошта, қаблан низ ғолиби чанд мусобиқа миёни ҷавонону наврасон шуда буд. Ӯ ҳамчунин дар риштаи  ҷию-ҷитсо ҳам ҳунарнамоӣ карда, унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавононро соҳиб гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст