Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?

Доналд Трамп рӯзи 20-уми январи соли равон савганд ёд карда, ба ҳайси президенти 47-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бори дуввум ба ин курсӣ нишаст. Ӯ пас аз савгандёдкунӣ бо имзои як қатор фармонҳо ба кори ҳукуматронии худ шурӯъ кард. Маросими савгандёдкунӣ бинобар сард будани ҳаво дар дохили бинои Конгресс баргузор гардид ва онро раиси Додгоҳи […]

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Доналд Трамп рӯзи 20-уми январи соли равон савганд ёд карда, ба ҳайси президенти 47-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бори дуввум ба ин курсӣ нишаст. Ӯ пас аз савгандёдкунӣ бо имзои як қатор фармонҳо ба кори ҳукуматронии худ шурӯъ кард.

Маросими савгандёдкунӣ бинобар сард будани ҳаво дар дохили бинои Конгресс баргузор гардид ва онро раиси Додгоҳи Олии ИМА Ҷон Робертс раҳбарӣ кард. Ин мавриди аввал дар 40 соли охир аст. Дар маросим теъдоде аз чеҳраҳои маъруф ва раҳбарони пешини Амрико ширкат доштанд.

Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, Трамп пас аз савгандёдкунӣ изҳор дошт, ки “рукуди Амрико ба охир расид ва даврони тилоии Иёлоти Муттаҳида аз имрӯз оғоз мешавад”.

 

 

Эълони вазъи изтирорӣ дар марз бо Мексика

Доналд Трамп пас аз савгандёдкунӣ бо имзои як қатор фармонҳо ба кори ҳукуматронии худ шурӯъ кард.

Хабаргузории ВВС менависад, ки яке аз иқдомоти аввалини президенти дубора интихобшуда, эълони вазъи изтирорӣ дар марзи ҷанубии ИМА бо Мексика буд. Ин иқдом, тибқи гуфтаи Трамп, барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмин намудани амнияти миллӣ нигаронида шудааст.

Ӯ инчунин, ба истифодаи нерӯҳои низомӣ дар марз ва бозгардонии миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ ишора намудааст.

“Ҳеҷ як масъулияте барои ман аз дифоъ кардани кишвар аз таҳдидҳо ва ҳамлаҳо боло нест”, – гуфтааст Трамп.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати нав сиёсати сахтгиронаи муҳоҷиратиро ба роҳ хоҳад монд. Аз ҷумла, дар ҳукумати нави Трамп аз ин пас фарзандони муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ИМА будубошдошта, ки дар ин кишвар ба дунё меоянд, дигар ба таври худкор шаҳрвандии Амрикоро намегиранд. Аммо сарфи назар аз ин, Трамп таъкид мекунад, ки ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Амрико дода мешавад.

 

TikTok, авфи ошӯбгарон ва ивази номи Халиҷи Мексика ба Халиҷи Амрико

Трамп дар мавриди сиёсати хориҷӣ низ изҳорот дода, гуфт, ки мехоҳад “сулҳофар” ва “муттаҳидкунанда” бошад. Ишораи ӯ ба ваъдаҳои батакрори ӯ дар бораи поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ва вазъ дар Ховари Миёна аст.

Доналд Трамп гуфт, ба зудӣ номи Халиҷи Мексикаро ба Халиҷи Амрико тағйир хоҳад дод.

“Амрико ҷойгоҳи шоистаи худро ба унвони бузургтарин, қудратмандтарин ва боэҳтиромтарин миллати рӯйи замин пас хоҳад гирифт, ки боис ба таҳсини кулли ҷаҳон мешавад”,-гуфт ӯ.

Яке аз дигар фармонҳои содиркардаи Доналд Трамп ҳамчун президент, афви садҳо иштирокчии ҳамла ба Капитолия 6 январи соли 2021 буд. Дар он рӯз тарафдорони Трамп кӯшиш карданд, ки тасдиқи президентии Ҷо Байденро халалдор кунанд ва дар Вашингтон бетартибиҳо ба вуҷуд оварданд, менависад “BBC”.

Дар фармони афв ҳамчунин талаб шудааст, ки Додситони кулли ИМА тақрибан 300 парвандаи додгоҳиро, ки ҳоло таҳти баррасӣ ҳастанд, қатъ намояд.

Ӯ ҳамчунин дар бораи мавқеи худ нисбат ба шабакаи иҷтимоии TikTok эълон кард, ки ба он 75 рӯз мӯҳлат дода мешавад, то шарики амрикоӣ пайдо карда, 50%-и саҳмияҳои ширкатро фурӯшад.

Ғайр аз ин, ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ нисбат ба Канада ва Мексика низ эълон шуд.

 

Иқдомҳо алайҳи сиёсати пешина

Аз муҳимтарин фармонҳо хуруҷи ИМА аз Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) буд, ки он ҳамчун як иқдоми ҷиддӣ барои тағйир додани самти сиёсатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Трамп ҳамчунин фармони лағви 78 фармони иҷроияи давраи Байденро имзо карда, амр додааст, ки тамоми қоидаву тартиботи нав дар идораҳои давлатӣ то ташкили комили ҳукумати нав боздошта шаванд.

Ӯ ба бозгашти тамоми кормандони федералӣ ба корхонаҳо фармон дода, кори фосилавиро комилан манъ кард.

Трамп инчунин дар бораи қатъи барномаҳои "диверсия, баробарӣ ва фарогирӣ" (DEI) дар дохили ҳукумат ва расман эътироф кардани танҳо ду ҷинс – мард ва зан – фармон содир намуд.

Ба иттилои расонаҳо, ин фармони Трамп алайҳи тағйир додани ҷинс ва ҳамҷинсгароӣ равона шудааст. Ҷо Байден дар ҳукумати худ сиёсати бисёрҷинсиро расмӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, дар интихоботи моҳи ноябри соли 2024 бо пирӯзӣ дар баробари Камала Ҳаррис, намояндаи Ҳизби демократ, раисҷумҳури Амрико интихоб гардид. Ӯ 78 сол дорад ва ҳамакнун раисҷумҳури 47-умини Амрико ба ҳисоб меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.