Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд

Гурӯҳи иборат аз 10 кӯдак бо нуқсонҳои модарзодии дил пас аз муолиҷаи муваффақона дар Беморхонаи сеюми халқии Ноҳияи мухтори Синтсзян-Уйғур (НМСУ) дар шимолу ғарби Чин ба ватан баргаштанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Азия-Плюс» аз сафорати Чин дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Муолиҷа дар доираи барномаи муштараки ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистон ва Чин, ки ба кумаки кӯдакони […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Гурӯҳи иборат аз 10 кӯдак бо нуқсонҳои модарзодии дил пас аз муолиҷаи муваффақона дар Беморхонаи сеюми халқии Ноҳияи мухтори Синтсзян-Уйғур (НМСУ) дар шимолу ғарби Чин ба ватан баргаштанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Азия-Плюс» аз сафорати Чин дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муолиҷа дар доираи барномаи муштараки ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистон ва Чин, ки ба кумаки кӯдакони дорои осебҳои дил равона шудааст, имконпазир гардид.

Шаш нафари онҳо муваффақона ҷарроҳӣ шуда, 4 нафари дигар бинобар эҳтиёҷ надоштан ба ҷарроҳӣ табобат гирифтаанд. Миёни беморон Заҳрои Нурилобеки 4-сола низ буд.

«Мо хушбахтем, ки барои табобат ба Чин омадем. Аз табибон барои касбият ва ғамхорӣ, ки ба духтарам ҳаёти нав бахшиданд, сипосгузорем», – гуфт модари ӯ.

Қобили зикр аст, ки кӯдакон рӯзи 10 январи соли 2025 барои табобат ба шаҳри Урумчӣ, маркази маъмурии НМСУ, сафар карданд. Ҷарроҳии аввал рӯзи 14 январ ба Зинуриддини Аслиддинзодаи 9-сола гузаронида шуд.

Пеш аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе кӯдаконро сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин ва муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусамадзода гусел карданд.

Ҷарроҳи тоҷик Абдусодиқ Абдуҷабборов низ дар ҷарроҳиҳо иштирок карда, таҷҳизоти беморхонаҳои Чинро хуб арзёбӣ намуд ва хоҳиши ҷорисозии усулҳои пешрафтаи табобатро дар Тоҷикистон изҳор кард.

Қарордодҳо оид ба ҳамкорӣ бо Беморхонаи сеюми халқии НМСУ моҳи июни соли 2024 ба имзо расида буданд. Дар доираи ин барнома, мутахассисони чинӣ дар Душанбе скрининг ва ташхиси тиббӣ гузаронида, 10 кӯдакро, ки ба муолиҷа ниёз доштанд, барои табобат интихоб карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.