Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе – Лондонро роҳандозӣ мекунад

Date:

Охири моҳи феврали соли 2025 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” имзои протоколи иловагиро дар мавриди роҳандозии алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лондон дар нақша дорад.

Роҳбари Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки дар доираи созишнома ду вариант пешбинӣ шудааст: хатсайри мустақими Душанбе – Лондон – Душанбе ва хатсайри алтернативӣ тариқи Тифлис.

“Агар хатсайри мустақим пурра серталаб нашавад, самти алтернативиро тариқи Тифлис роҳандозӣ мекунем”, – зикр кард Назарзода.

Ӯ илова намуд, ки шумораи хатсайрҳо дар як ҳафта ҳоло муайян нашудааст ва он ба талабот ба билетҳои ҳавопаймо вобаста хоҳад буд.

“Лекин ҳоло роҳандозии як хатсайр дар як ҳафта ба нақша гирифта шудааст”, – изҳор дошт номбурда.

Дар Оҷонсӣ ҳамчунин хабар доданд, ки соли 2024 ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба 12 кишвар : Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Гурҷистон парвозҳои мунтазам ва транзитӣ анҷом додааст. Ҳудуди 51%-и мусофирон ба шаҳрҳои гуногуни Русия расонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...