Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад

Соли 2024-ум 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хориҷа ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Ҳоло 39 каси дигар таҳсили динии ғайриқонуниро идома медиҳанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.   “Ба Ватан бармегардонем” Ӯ рӯзи 31-уми январ дар ҳузури […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Соли 2024-ум 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хориҷа ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Ҳоло 39 каси дигар таҳсили динии ғайриқонуниро идома медиҳанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

 

“Ба Ватан бармегардонем”

Ӯ рӯзи 31-уми январ дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, аксари ин шаҳрвандон дар Туркия ва қисме дар Арабистони Саудӣ ба таҳсил машғуланд.

“Мо бо мақомоти масъул ин масъаларо пайгирӣ дорем, бо волидайни он шаҳрвандон ҳамеша гуфтугӯ ва кӯшиш мекунем, ки онҳоро ба Ватан баргардонем”, – гуфт раиси кумита

Сулаймон Давлатзода изҳори нигаронӣ кард, ки ҳоло ҳам аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро шаҳрвандони Тоҷикистон ба таҳсили ғайрирасмии динӣ ҷалб мешаванд ва ба ин васила ба сафи гурӯҳҳои террористиву эксромизмӣ мепайванданд.

 

Ду роҳи таҳсили динии расмӣ

Ба гуфтаи вай, ҳоло ду роҳи таҳсили расмии динӣ аз ҷониби мақомоти масъули Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Яке пешниҳоди квота барои таҳсили динӣ дар хориҷа ва дигар, дар дохили кишвар ҷорӣ кардани омӯзишҳои онлайнии динӣ барои ҷавонон ва занону бонувон.

“Ҳоло бурсияи донишгоҳҳои исломии Арабистони Саудӣ, Туркия, Қатар ва чанд кишвари дигар ба Маркази “Дурахшандагон” пешниҳод мешавад ва ин марказ имтиҳон мегирад, довталабонро интихоб мекунад ва ба таҳсили расмӣ мефиристад”, – гуфт Давлатзода.

Ӯ барои мисол гуфт, ки соли таҳсили гузашта қариб 40 шаҳрванди кишвар барои таҳсили расмии динӣ аз тариқи Маркази “Дурахшандагон” ба Арабистони Саудӣ равон карда шудаанд.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки аз дигар кишварҳо чанд квота пешниҳод гардидааст.

 

Таҳсили исломӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло танҳо дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон метавон таҳсили олии динӣ гирифт. Ҳоло беш аз 750 донишҷӯ дар ин донишкада таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод танҳо 15 нафараш духтарон ҳастанд, ки ҳама дар шӯъбаҳои ғоибонаи ин донишкада мехонанд.

Қаблан дар кишвар даҳҳо мадрасаҳои динӣ амал мекард, ки сокинон метавонистанд дар он таълими динӣ гиранд. Вале баъди соли 2010 як-як онҳоро бастанд. Барои таҳсили ғайрирасмии динӣ то кунун даҳҳо шаҳрвандони кишвар муҷозот шудаанд.

Ҳамчунин, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”* мақомоти тоҷик мубориза бо таҳсили ғайриқонунии динӣ дар дохилу хориҷиро ҷоннок кардаанд. Ин буд, ки шурӯъ аз соли 2011 ба баргардонидани нафароне оғоз карданд, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул буданд.

Мақомот мегӯяд, барои идома таҳсили онҳо дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст, аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки на ҳамаи онҳое, ки аз хориҷа баргардониданд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио