Тоҷикистон ба СММ аввалин ҳисобот дар бораи партоби газҳои гулхонаиро пешниҳод кард

Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар назди Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж иҷро намуда, аввалин ахбори дусолаи шаффофиятро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ дар давраи солҳои 1990-2022 пешниҳод намуд. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ,  санад бахшҳои калидии иқтисодро дар бар гирифта, барӯйхатгириии газҳои гулхонаӣ аз рӯи панҷ бахш […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар назди Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж иҷро намуда, аввалин ахбори дусолаи шаффофиятро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ дар давраи солҳои 1990-2022 пешниҳод намуд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ,  санад бахшҳои калидии иқтисодро дар бар гирифта, барӯйхатгириии газҳои гулхонаӣ аз рӯи панҷ бахш гузаронида шуданд:

– "Энергетика" (CO2, CH4, N2O);

– "Равандҳои саноатӣ ва истифодаи маҳсулот" (CO2, Гидрофторокарбонҳо, Перфторкарбонатҳо);

– "Кишоварзӣ" (CO2, CH4, N2O) ;

– "Истифодаи замин, тағйир додани истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал" (CO2, N2O);

– "Партовҳо" (CO2, CH4, N2O).

Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки баҳисобгирии партоби газҳои гулхонаӣ як қисмати муҳими сиёсати экологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сарфи назар аз саҳми начандон зиёд ба партобҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳурӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад. Дар кишвар обшавии босуръати пиряхҳо ба мушоҳида расида, тайи 30 соли ахир зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтанд.

Дар паёми худ ба парлумон рӯзи 28 декабри соли 2024 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зарурати рушди энергетикаи сабз ва коҳиши партоби газҳои гулхонаиро таъкид кард. То соли 2037 Тоҷикистон ду баробар кам кардани онро ба нақша гирифтааст.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки таҳияи ҳисоботи мазкур оид ба шафоофияти иқлим дастоварди назаррас барои кишвар аст. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалии экологӣ содиқ аст ва имкон медиҳад, ки стратегияҳои коҳиши изи карбон самараноктар таҳия шаванд. Чунин ташаббусҳо ба ташаккули сиёсати масъули экологӣ ва рушди устувор мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.