Тоҷикистон таъсиси ширкати ҳавопаймоии муштаракро бо сармоягузории Кувайт пешниҳод кард

Дар шаҳри Кувайт рӯзи чоршанбе, 5 феврал ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ҷаласа таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири молия, вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузории Кувайт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассам сурат гирифт. […]

Дар шаҳри Кувайт рӯзи чоршанбе, 5 феврал ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ҷаласа таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири молия, вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузории Кувайт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассам сурат гирифт.

Дар ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мушаххас карда шуда, вобаста ба ин ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориву сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, маориф ва варзиш пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода шавад.

Зикр шуд, ки то имрӯз Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, ирригатсия ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намуд.

Дар рафти ҷаласа тарафҳо амалӣ шудани хатсайрҳои мустақим ва афзоиши мусофиркашониро байни шаҳрҳои Душанбе ва Кувайт ба хушнудӣ пазироӣ карда, роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданиро мушаххас намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, ки бо ҷалби сармоягузории кувайтӣ ширкатҳои ҳавоии муштарак таъсис дода шуда, инфрасохтори авиатсионӣ сохта ё азнавсозӣ карда шаванд.

Ҳамзамон масъалаи кушодани хатсайрҳои мустақими ширкати Кувайт эйрвейз ба пойтахтҳои ҳарду кишвар баррасӣ гардид.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳо зикр шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.