“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд

Вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон* дар Афғонистон расман аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико (ИМА) талаб кард, ки чархболҳоро баргардонад. Тибқи иттилои агентии «Бохтар», ин чархболҳо дар моҳи августи соли 2021 ҳангоми фирори бесарусомонаи халабонҳо (лёчикҳо)-и артиши собиқи Афғонистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд. Дар Вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон* таъкид кардаанд, ки ин чархболҳо пас аз суқути ҳукумати пешини […]

Asia-Plus, аз рӯи маводи ВАО

Вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон* дар Афғонистон расман аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико (ИМА) талаб кард, ки чархболҳоро баргардонад. Тибқи иттилои агентии «Бохтар», ин чархболҳо дар моҳи августи соли 2021 ҳангоми фирори бесарусомонаи халабонҳо (лёчикҳо)-и артиши собиқи Афғонистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд.

Дар Вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон* таъкид кардаанд, ки ин чархболҳо пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон ба дасти онҳо афтода буданд ва ҷойи қонунии онҳо дар Афғонистон аст.

«Ба ИМА додани ин ҳавопаймоҳо қобили қабул нест, зеро мардуми Афғонистон ҳаққи соҳибихтиёрии ҳимояи кишвари худро дорад ва бояд ба захираҳои низомии худ дастрасӣ дошта бошад», – изҳор доштаанд намояндагони Толибон.

Толибон аз ҳукумати ИМА даъват кардаанд, ки ба бозгардонидани чархболҳо монеъа эҷод накарда, балки мусоидат намояд.

Изҳороти Толибон пас аз маълум шудани аз ҷониби Ӯзбекистон ба ихтиёри ИМА супурдани ИМА 7 чархболи "Black Hawk" садо дод. Ин як қисми таҷҳизоти ҳавонавардист, ки дар моҳи августи соли 2021 ҳангоми ҳамлаи босуръати Толибон халабонҳои афғон барои наҷоти ҳамхидматон ва оилаҳои худ ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бурда буданд.

Ба иттилои хабаргузории “Фергана”, ин чархболҳо замоне аз ҷониби Вашингтон ба артиши Афғонистон супорида шуда буданд. Тибқи маълумоти Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА), 46 ҳавопаймо ва чархболи рабудашуда дар Ӯзбекистон ва 18 адад – дар Тоҷикистон қарор доранд.

Моҳи апрели соли 2022 намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев нияти баргардондани ин техникаи ҳавоиро ба ҳукумати ИМА изҳор дошт ва таъкид кард, ки хариди он аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шуда буд.

Моҳи январи соли 2022 хабар дода шуд, ки артиши собиқи Афғонистон 164 ҳавопаймои низомӣ дар ихтиёр дошт. Пас аз фирори мақомот ва қисме аз халабонҳо, дар кишвар 81 ҳавопаймо боқӣ монд, ки аз онҳо танҳо 41 адад дар ҳолати корӣ қарор дошт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.