Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид

Имрӯз, 10-уми феврал дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор шуд. Дар намоишгоҳ ноширони зертобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 340 номгӯ китобҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва сиёсиро пешниҳоди хонандагон карданд. Теъдоди китобҳое, ки дар ин рӯз ба намоиш гузошта шудаанд, беш аз 9 ҳазор ададро ташкил медиҳад. […]

Имрӯз, 10-уми феврал дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор шуд. Дар намоишгоҳ ноширони зертобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 340 номгӯ китобҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва сиёсиро пешниҳоди хонандагон карданд.

Теъдоди китобҳое, ки дар ин рӯз ба намоиш гузошта шудаанд, беш аз 9 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Чорабинии намоиш-фурӯши китобҳо соати 10:00 оғоз гардид ва то соати 16:00 идома хоҳад кард.

Дар намоишгоҳ 4 нашриёт ва 1 корхонаи таъминот ва савдои китоб ба теъдоди зерин китобҳои худро ба фурӯш гузоштанд:

Нашриёти  “Адиб” – 100 номгӯ ба теъдоди 7 ҳазор адад;

Нашриёти “Ирфон” – 53 номгӯ ба теъдоди 2 ҳазор адад;

Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи тоҷик” – 44 номгӯ ба теъдоди 440 адад;

Нашриёти “Маориф” – 30 номгӯ ба теъдоди 150 адад;

Корхонаи таъминот ва савдои китоб – 114 номгӯ ба теъдоди 1591 адад.

Арзиши китобҳо аз 15 сомонӣ то беш аз 200 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи масъулини нашриёт, аксари китобҳо бо 10-15% тахфиф ба савдо гузошта шудаанд.

Масалан, се ҷилди "Маснавии маънавӣ" ба арзиши 120 сомонӣ, "Гулчини ғазалиёт"-и Мавлоно ба се забон ба арзиши 150 сомонӣ, "Алвидоъ Гулсарӣ"-и Чингиз Айтматов 70 сомонӣ ва китобҳои хурдҳаҷми кӯдакона бо арзиши 15-сомонӣ фурӯхта мешуданд.

Толори Театр аз хонандагону бинандагон пур буд ва ба гуфтаи ноширон, харидорон зиёданд ва аллакай навбати дуввуму севум китоб оварда истодаанд.

Яке аз харидорон гуфт, “китоб харидани мардумро дидан, хеле хушҳолкунанда аст”.

Харидори дигаре, ки ба теъдоди зиёд аз китоби “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт” харидорӣ мекард, гуфт, “ин китобҳоро ба масҷид мебарад.” Гурӯҳе барои набераву фарзандонашон китобҳои бачагона харидорӣ мекарданд.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон аксаран аввали моҳи сентябр дар иди китоб ва моҳи апрел дар ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон намоиш ва фурӯши китобҳо доир мегарданд.

Охирин навбат, моҳи октябри соли 2024 дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” доир гардид, ки беш аз 40 ношир аз 7 кишвар бо теъдоди 5 ҳазор китоб дар он иштирок варзида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.