Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири ҶДММ “Кишвари сабз” боздид намуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, масоҳати замини хоҷагӣ 45 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири ҶДММ “Кишвари сабз” боздид намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, масоҳати замини хоҷагӣ 45 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш карда мешаванд.

Гуфта мешавад, мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар масоҳати 2 гектару 20 садяк замин дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтаааст. Дар гармхона ниҳоли дарахтон ва гулу буттаҳои гармидӯст парвариш ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд.

“Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гулпарварон ва маҳсули заҳмати онҳо баҳои баланд дода, коргаронро ба вусъат додани ин таҷрибаи ибратбахш, зиёд намудани мутахассисон ва муассисаҳои гулпарварӣ, аз ҷумла дар дигар гӯшаҳои кишвар ҳидоят намуданд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Президенти кишвар супориш дод, ки бо истифода аз заминаи мусоиди чунин парваришгоҳҳо барои ободонию сабзкорӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон Барномаи миллии “Кишвари сабз” барои солҳои 2023-2027” ва “Барномаи давлатии сабзкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул шудааст, ки ҷиҳати дар оянда ба воқеан ҳам ба як кишвари сарсабз табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.