Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст

Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Исфара Муҳаммад Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара барои фурӯши замин 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Дар ин бора Сафар Салимзода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.  Дар ҳамин ҳол, Маҳмудзода Олим, сардори шӯъбаи муқовимат ба фасоди Раёсати Оҷонсии зиддифасод ба “Азия-Плюс” гуфт, Муҳиддинзода то ҳол […]

Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Исфара Муҳаммад Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара барои фурӯши замин 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Дар ин бора Сафар Салимзода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. 

Дар ҳамин ҳол, Маҳмудзода Олим, сардори шӯъбаи муқовимат ба фасоди Раёсати Оҷонсии зиддифасод ба “Азия-Плюс” гуфт, Муҳиддинзода то ҳол дар вазифааш кор мекунад ва дар асоси ҳукми додгоҳ, барои аз вазифа озод кардани Муҳаммад Муҳиддинзода аз ҷониби ин ниҳод дастур фиристода шуда, “эҳтимол аст масъалаи  барканории Муҳиддинзода ҳамин ҳафта ё ҳафтаи оянда ҳалли худро ёбад”.

Муҳаммад Муҳиддинзода ба он гумонбар мешавад, ки ҳамроҳи Насризода Шукрулло, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, Искандар Шафеиён, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати шаҳри Исфара ва Шокир Холиқов, директори КВД “Лоиҳакаш”-и ин шаҳр ба чанд нафар ғайриқонунӣ замин фурӯхтааст.

Сафар Салимзода, дар шарҳи ҳодиса гуфт, Муҳаммад Муҳиддинзода, Шукрулло Насризода, Искандар Шафеиён ва Шокир Холиқов “бо истифода аз мақоми хизматӣ давоми моҳҳои сентябр – октябри соли 2021 аз ҳисоби заминҳои ба ҶДММ “Файзи Навгилем” барои сохтмони боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, нонвойхона ва манзилҳои истиқоматии дорои ҳавлидор ҷудогардида, ғайриқонунӣ ба 11 шаҳрванд, ба ҳар кадоме 0,04 га қитъаи замин ҷудо карда додаанд”.

Ӯ гуфт, дар робита ба ин, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 338) ва сохтакории хизматӣ (моддаи 323) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, Додгоҳи шаҳри Исфара 28-уми ноябри соли 2024 Муҳаммад Муҳиддинзодаро барои пардохти 24 ҳазор сомонӣ ҷарима бидуни маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян муваззаф кардааст.

Ҳамчунин, бо қарори додгоҳ, Шафеиён Искандар ҳам 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар ҳукумати маҳаллӣ барои 4 сол маҳрум гардидааст.

Додгоҳ қарор кардааст, ки Насризода Шукрулло 18 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кунад, вале аз вазифааш маҳрум нашавад.

Холиқов Шокир бо қарори додгоҳ ба пардохти 15 ҳазор сомонӣ муваззаф шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар муддати ду сол маҳрум шудааст.

Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки мақомоти зиддифасоди кишвар аз боздошти мансабдорон барои фурӯши замин хабар медиҳанд. Қаблан, Оҷонсии зиддифасод собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Толиб Тоҳирро барои содир кардани силсилақаллобиҳо ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ гунаҳгор дониста, аз ҳаққи кор дар вазифаи давлатӣ маҳрум карда буд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд 427 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст. Аз ин шумора барои гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор (моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ) 8 ҳолат сабт шуда, нисбати 9 нафар парванда боз гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.