Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад

Ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии Tashkent Grand Slam-2025 (Тоскулоҳи бузург), ки аз 28 феврал то 2 март дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунанд. Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо хабар медиҳад, айни замон барои иштирок дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург 246 гӯштингир аз 23 кишвар номнавис шуда, дар назар аст, ки ҳамагӣ […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии Tashkent Grand Slam-2025 (Тоскулоҳи бузург), ки аз 28 феврал то 2 март дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунанд.

Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо хабар медиҳад, айни замон барои иштирок дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург 246 гӯштингир аз 23 кишвар номнавис шуда, дар назар аст, ки ҳамагӣ дар толор ҷудокорони 5 қитъа қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ, Умар Шеров (66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абӯбакр Шеров (73 кг), Суннатулло Мӯсоев, Муҳаммад Юсуфзода (81 кг), Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло  Ҳакимов (100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг), Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).

Ҳаҷми умумии мукофотпулии ин мусобиқаи Тоскулоҳи бузург 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолибони ҳамаи 14 вазн (7 байни мардон ва 7 – занон) 5 ҳазор евро, ба дорандагони медалҳои нуқра – 3 ҳазор евро ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ – 1500 евро мукофотпулӣ тақдим мешавад. Ҳамчунин иштирокчиёни ин мусобиқаи пурнуфуз соҳиби имтиёзҳо дар радабандиҳои ҷаҳонӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон имсол бори аввал дар мусобиқаи бузурги  байнулмилалии ҷудо дар шаҳри Боку иштирок карда, ду медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон байни 36 кишвар зинаи 12-умро касб кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.