Раиси пешини Ҷаббор Расулов аз боздошт раҳо шуда, ҳоло дар вазифаи дигари давлатӣ кор мекунад

Додгоҳи вилояти Суғд 23-юми май Қудратзода Тоҳир Толибӣ, собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сардори кунунии муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғдро дар содир кардани силсилақаллобиҳо ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ гунаҳгор донист ва аз ҳаққи кор дар вазифаи давлатӣ маҳрум кард. Аммо ӯ бо пардохти ҷарима аз боздошт раҳо гардида, ҳоло дар […]

Додгоҳи вилояти Суғд 23-юми май Қудратзода Тоҳир Толибӣ, собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сардори кунунии муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғдро дар содир кардани силсилақаллобиҳо ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ гунаҳгор донист ва аз ҳаққи кор дар вазифаи давлатӣ маҳрум кард. Аммо ӯ бо пардохти ҷарима аз боздошт раҳо гардида, ҳоло дар вазифааш кор мекунад ва мегӯяд, “ҳукм ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст ва аз болои он шикоят бурдааст”.

Тибқи иттилои Агентии зиддифасод, Тоҳир Қудратзода баҳори имсол аз тарафи кормандони ин ниҳод боздошт шуда, пас аз тафтишот парвандааш ба додгоҳ ирсол гардид.

Додгоҳи вилояти Суғд Қудратзода Тоҳир Толибиро дар асоси моддаҳои 247, қисми 3, банди “а”, қисми 4, банди “б” ва 314-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор донистааст. Нусхаи ҳукми додгоҳ дастраси “Азия-Плюс” шудааст.

Дар асоси ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд, Қудратзода дар муддати чор соли раисиаш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути миёнаравҳо аз чандин мансабдору сокинони маҳаллӣ маблағ гирифтааст.

Бар ивази маблағ, чунончи дар парванда навишта шудааст, дар доираи ваколати худ мансабҳои муовини раиси ноҳия ва ё мудири шӯъбаи маорифро пешниҳод кардааст.

Дар ҳукм гуфта мешавад, ки номбурда моҳи майи соли 2020 аз мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Фарҳод Каримзода барои мусоидат ҳангоми таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов 10 ҳазор доллари ИМА гирифтааст.

Ғайр аз ин, дар ҳукм омадааст, ки Қудратзода аз Салимҷон Мирмуҳсинов барои таъйин кардан ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия тариқи миёнаравҳо 5 ҳазор доллар гирифтааст.

Аммо маълум нест, ки пас аз боздошти Қудратзода, нафарони маблағдода вазифа гирифтаанд ё не.

Додгоҳ пас аз омӯзиши айби эълоншуда, Қудратзодаро гунаҳкор ҳисобида, бо ҳукми худ, ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми наздики 250 ҳазор сомонӣ уҳдадор намуд ва 4,5 сол аз ҳаққи кор дар идораҳои ҳукуматӣ маҳрум кард.

Вале бо гузашти қариб як моҳ ӯ ҳоло ҳам дар вазтифаи сардори муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғд кор мекунад.

Ӯ зимни як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, "ҳукм қувваи қонунӣ нагирифтаву аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят бурдааст", аз ин лиҳоз, дар вазифа кор мекунад.

Дар ҳоле, ки тибқи меъёри қонунгузорӣ, ҳукме, ки додгоҳи вилоятӣ содир мекунад, дар сурати шикоят аз болои он ҳам қувваи қонунӣ пайдо мекунад ва бояд иҷро карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар нишасти матбуотии соли 2023 мақомоти зидди фасоди вилоят ҳам мисолҳои зиёди коппурсиониро аз  идораҳои гуногунии  ноҳияи Ҷаббор Расулов ба журналистон дастрас карда буд. Дар асоси ин маълумоти оморӣ, танҳо дар соли 2023 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 33 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.