Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази вокуниши гуманитарии СААД дар Хатлон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод намуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон Маркази вокуниши гуманитарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таъсис дода шавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин пешниҳод аз ҷониби ӯ имрӯз, 21 июн дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмон дар шаҳри Алмато садо дод. […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешниҳод намуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон Маркази вокуниши гуманитарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таъсис дода шавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин пешниҳод аз ҷониби ӯ имрӯз, 21 июн дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмон дар шаҳри Алмато садо дод.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, фаъолияти Марказ ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба таҳдиду чолишҳо ва буҳронҳои башардӯстона (гуманитарӣ) нигаронида хоҳад шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аҳаммияти анҷоми ҷараёни чандинсолаи гутушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи ҳадафноки байнидавлатӣ оид ба таҳқими сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид дошта, ташаббуси ба имзо расонидани Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро дар моҳи июли соли равон пешниҳод кард.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба мушкилоти тундгароӣ (радикализм)-и динӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

“Барои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиддитарин таҳдид пешбурди афкору идеологияи тундгароии динӣ маҳсуб меёбад”, – иброз дошт ӯ.

Вазир инчунин доир ба зарурати коркарди ташаббус бобати роҳандозии системаи ҳифзи фазои иттилоотии СААД изҳори назар кард.

Ғайр аз ин, Сироҷиддин Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро ба баргузории машқҳои муштараки “Рубеж-2024” бо иштироки воҳидҳои Неруҳои дастаҷамъии зудамали Созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ изҳор кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.