Сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар соли 2024

Сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Чин ва Русия мебошанд. Соли 2024 ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ 4,9 млрд долларро ташкил дод, ки 2,1 млрд доллар ё худ 72,7% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣт тариқи зайл аст: Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад, лекин дар муқоиса бо солҳои пешин дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Чин ва Русия мебошанд. Соли 2024 ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ 4,9 млрд долларро ташкил дод, ки 2,1 млрд доллар ё худ 72,7% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣт тариқи зайл аст:

Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад, лекин дар муқоиса бо солҳои пешин дар соли 2024 ҳиссаи сармоягузориҳои Чин дар кишвар кам шуд.

Бо вуҷуди ин, омор нишон медиҳад, ки сармоягузориҳо аз Чин дар муқоиса бо ду соли пешин афзудаанд – аз 109,2 млн доллар дар соли 2023 то ба 150,9 млн доллар дар соли 2024, ки 41 млн доллар бештар мебошад.

Ғайр аз ин, мутобиқи маълумоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода (дар нишасти матбуотии рӯзи11 феврал садо дод), аз соли 20007 то соли 2024 ҳиссаи сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон аз 45,7% то 38% коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо нимаи аввали соли пешин (соли 2023) коҳиши сармоягузорӣ аз Русия ба мушоҳида мерасад, дар ҳамин ҳол Британияи Кабир ҷойи Русияро гирфта, сеюмин сармоягузори бузурги Тоҷикистон шуд.

Султон Раҳмизода зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 394,3 млн доллар ё худ 8% ба сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ рост меояд, ки 38,8% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Қисми зиёди ин сармоягузориҳо ба саноати коркард равона шудаанд, ки ҳиссаи он 44,7%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле ки қаблан қисми зиёди сармоягузориҳо ба саноати истихроҷ равона мешуд (44,6% дар давраи аз соли 2014 то соли 2023), соли 2024 сармоягузориҳо ба саноати коркрад қариб ду баробар афзуданд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи сармоягузорӣ, аксари молу маҳсулоте, ки истихроҷ мешаванд, акнун дар дохили кишвар коркард мешаванд, ки ин арзиши иловашударо зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.

Илова бар ин, соли 2024 ба маблағи умумии 2,1 млрд доллар 6 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст, ки агар амалӣ шаванд, 9 ҳазор ҷойи нави корӣ дар Тоҷикистон фароҳам меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст